ХУРОСОН: НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Хабарҳо

Имрӯз 5-уми август дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нишасти матбуотӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир Мурод зимни нишасти матбуотӣ хисоботи шашмохаи аввали соли равонро барраси намуда, иброз кард, ки бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат дар ҳудуди ноҳия бунёди 239 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин шумора то инҷониб 174 иншоот бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки 72,8 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Зикр гардид, ки феълан дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ду коргоҳи нави саноатӣ, аз қабили истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ “Раҳимаи Искандар” ва ҶДММ “Сарвати Хуросон” бо таъсиси 8 ҷойи корӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Аксҳо аз рафти нишасти матбуотӣ: