ХУРОСОН: ОМОДАГӢ БА ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

Хабарҳо

Рӯзи 13 августи соли 2025 баҳри дар амал ва саривақти иҷро гардидани АМР – и раиси вилояти Хатлон аз 03.07.2025, №17 “Дар бораи омодагӣ ва ҷамъоварии пахта ва коркард, нигоҳдорӣ ва содироти нахи пахта дар соли 2025″ имрӯз бо иштироки Мирзозода М. – муовини якуми раиси вилояти Хатлон бо масъулин ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор вохӯрӣ багузор карда шуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз рафти иҷрои АМР-и мазкур ҳар моҳ ба унвонии раиси вилоят ахборот пешниҳод намоянд.

Инчунин, қайд гардид, ки корхонаҳои коркарди пахта зери назорати ҷиддӣ қарор дода, ҳисоботи қабул, коркард ва фурӯши пахтаро аз корхонаҳои ҳудуди ноҳия талаб намуда, тибқи қонунгузорӣ ба андозбандӣ ҷалб карда шаванд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: