21-уми августи соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.
Дар рафти машварат раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон – Абдулзода Зиёдулло Назар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла қайд карданд, ки омӯзгорон таҳти сарпарастӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадоранд, ки бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба кӯдакон дарси ватандӯстию хештаншиносӣ, муқаддас доштани марзу буми кишвари азизамонро омӯзанд.
Барои хизматҳои софдилона дар таълиму тарбияи насли наврас ба як қатор омӯзгорон Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуданд.
Дар охири кор Муроҷиатномаи иштирокчиёни машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия якдилона қабул карда шуд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:



