Бо мақсади тарғиби қонунҳои амалкунандаи байналмилалӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон рӯзи 1-уми сентябри соли равон раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир ва ёрдамчии калони прокурори ноҳия, мушовири адлия дараҷаи 3 – Шодизода Парвиз бо иштироки фаъолон, ходимони дин, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯрӣ доир намуд.
Дар рафти сӯҳбат Шодизода П.С. оид ба қонунҳои навамалкунанда дар Федератсияи Россия сухан гуфта, аз он ҷумла қайд намуд, ки минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд рустании худрӯйи “Ҳазориспанд”-ро бо худ бигиранд.
Зеро аз моҳи феврали соли 2024 ин рустанӣ ба рӯйихати растаниҳое дохил карда шудааст, ки он дорои маводи мухаддир, психотропӣ эътироф шудааст.
Бинобар ин падару модарон ва тамоми аҳолие, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, бояд донанд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ворид намудани ин рустанӣ манъ буда, тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷазо дар шакли ҷарима (то як миллион рубли Россия), маҳрум кардан аз озодӣ (то ҳатто ба мӯҳлати то якумраи), ихроҷ (депортатсия) пешбинӣ шудааст.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:


