Дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2025, таҳти № 283 аз санаи 1 то 10 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мулоқот бо мардум, ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд.
Бо ин хотир имрӯз, 2 сентябри соли 2025 дар ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосияи Оймаҳмадзода дар ҷамоатҳои шаҳраки Хуррамшаҳр ва ҷамоати деҳоти Фахробод вохӯрӣ бо сокинон баргузор гардида, дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия идома дорад.
Ҳадаф аз баргузор намудани суҳбату вохӯрӣ ин баррасӣ намудани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:


