Зери ҳамин унвон рӯзи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳангии ноҳия конференсияи ноҳиявӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Дар раванди кори конфронс муовини раиси ноҳия – Турсунзода Д., намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Файзиддин Ҳакимов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур оид ба мавзӯҳои “Истиқлолият рамзи пойдории давлат” – Аюбова Зулқаъда, “Истиқлолият аз нигоҳи адибони тоҷик” – Гулов Хуҷамқул, қироати шеърҳо дар васфи Истиқлолият аз тарафи омӯзгори МТМУ №42 – Ҳусейнов Абдухалил баромад намуданд.
Инчунин, Ҳакимов Файзиддин, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон қайд карданд, ки сию чор сол муқаддам, 9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу суботи, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат, дар қатори дигар республикаҳои дар тобеият Иттиҳоди Шӯравӣ буда, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ҳар сол ин рӯзро чун рӯзи бузурги таърихӣ ҷашн мегирем.
Ин санаи бузург неъмати бузурги таърихист ва аз баракати дастгирии самимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам омад.
Аксҳо аз рафти Конференсия:


