Имрӯз 4 ноябри соли 2025 дар Кохи Хуросон бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.Таҷрибаи қабули конститутсия дар Тоҷикистони мо баръало нишон дод, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Барои нишон додани фаъолияти назаррас ва амали намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдор аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ифтихорномаҳо тақдим гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳангӣ ноҳия анҷомбахши чорабинӣ гардид.
