ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР НОҲИЯ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР НОҲИЯ
       Рӯзи 10 ноябри соли 2025 маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи милитсияи тоҷик” дар қасри фарҳангии “Кохи Хуросон” баргузор гардид.
      Дар маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
       Қайд гардид, ки милитсияи тоҷик тӯли даврони соҳибистиқлолӣ баҳри ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи зиндагии осоиштаи сокинони мамлакат ва обрӯи миллату давлати худ ҳамеша дар сафи пеши мубориза қарор дошта, аз худ матонату ҳушёрӣ, ҷасорату фидокорӣ ва садоқату ватандӯстии баланд нишон додааст.
       Маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра мақомоти корҳои дохилии мамлакат ташаккул ёфта, ба як сохтори муосир, боэътимод ва бонуфуз табдил ёфт.
      Дар чорабинӣ ба якқатор собиқадорон ва кормандони милитсия Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
       Барномаи фарҳангӣ идомабахши чорабинии имрӯза гардид.