САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо


САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили дар саҳробуда, қабул ва коркард намудани пахтаи истеҳсолнамудаи кишоварзон имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Сарвазири мамлакат бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон нахуст аз фаъолияти ҶДММ “Иттиҳодияи аграрии водии Заррин” дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур дар ноҳияи Хуросон яке аз корхонахои калонтарини коркарди пахта маҳсуб ёфта, зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакатмебошад ва соли 2014 ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар мавсим то 30 ҳазор тонна буда, соли равон аз хоҷагихои пахтакоре, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, то ба имрӯз 26 ҳазору 400 тонна ашёи хоми пахта кабул намудаанд.

Айни ҳол корхона дар ду баст фаъолият намуда, аз 300 то 400 тонна ашёи хоми пахтаро коркард намуда, аз 110 то 150 тонна нахи аълосифат истеҳсол менамояд.

Зикр бояд намуд, ки корхона бо таҷҳизотҳои муосири истеҳсоли чинӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар корхона 120 нафар коргарони маҳаллӣ ба ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Сарвазири мамлакат ба масъулини корхона дастур доданд, ки бо хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҳамкориро зич намуда, саривақт пахтаи ҷамъовардаи хоҷагидоронро харидорӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Хуросон имсол дар майдони 2 ҳазору 782 гектар кишти пумбадона гузаронида, дар натиҷаи риояи агротехникӣ дар коркард ва парвариши он тавонистанд истехсоли ин ашёи хоми стратегиро зиёд намуда, аз иҷрои дурнамои пешбинишуда бо сарбаландӣ мужда расонида, то ба имрӯз 7 ҳазору 982,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 114 фисадро дар бар мегирад.

Сарвазири мамлакат зимни мулоқот бо кишоварзони ноҳия таъкид бар он доштанд, ки аз боду ҳавои мусоид ва шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ҳосили дар саҳробударо то охир ҷамъоварӣ намуда, сатҳи иҷтимоию иқтисодии хоҷагиҳо ва саҳмдоронро аз ҳисоби даромади ба дастомада беҳтару хубтар намоянд.

Дар доираи сафари кории хеш Сарвазири мамлакат ба ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор аз ҳоҷагии деҳконии Ёрмуҳаммад дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур аслан ба соҳи пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ машғул буда, дорои 7 гектар замини корами обӣ мебошад ва дар он ҳар як қитьа замин самараноку оқилона истифода бурда мешавад.

Дар хоҷагӣ дар майдони 14 сотих гармхонаҳои доимоамалкунанда, дар 27 сотих гармхонаҳо барои паравариши кӯчати помидор, бодиринг, карам, қаламфури тез ва ширин ба роҳ монда шудааст.

Дар хоҷагии мазкур гармхонаҳои доимоамалкунанда ба тариқи муосир ба роҳ монда шуда, таҷҳизотҳои он аз Италия дастрас гардидаанд.

Зимни боздиди меҳмонон аз рафти парвариши кӯчатҳо иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дар оянда афзун намудани истеҳсоли сабзавот хоҷагидорон аз агротехникаи муосир самаранок истифода бурда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сокинони натанҳо ноҳияи Кӯшониёнро бо кучатҳо таъмин менамоянд, балки ба берун аз он низ ба фурӯш мебароранд.

Дар хоҷагии мазкур соли дуюм аст, ки парвариши қулфинай ба роҳ монда шуда, деҳқонони хоҷагӣ барои гирифтани ҳосили баланди қулфинай бо тавсияи олимону мутахассисони соҳа аз навъҳои серҳосили ба иқлим мутобиқ истифода мебаранд.

Сарвазири мамлакат ба фаъолияти деҳқонону саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ёрмуҳаммад баҳои баланд дода, таъкид бар он доштанд, ки дар оянда барои афзун намудани истеҳсоли сабзавот аз тухмиҳои серҳосили ба иқлим мутобиқ ва агротехникаи муосир самаранок истифода намоянд.

Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Кӯшониён аз корхонаи ҶДММ “Ифтихори ватан” дидан намуда, иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур ба коркарди пахта машғул буда, то ба имрӯз аз хоҷагихои пахтакори худуди нохия зиёда аз 4 хазор тонна ашёи хом қабул намудааст.

> Бахром Хукумат:
Хоҷагиҳои пахтакори ноҳия имсол дар майдони 10 ҳазору 195 гектар кишти пумбадона гузаронида, аз иҷрои дурнамои истехсоли он бо сарбаландӣ баромада, то ба имрӯз 23 ҳазору 500 тонна ашёи хоми пахта истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст.

Таъкид гардид, ки айни ҳол дар саҳро ҳосил фаровон буда, ба масъулини ноҳия, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот дастур дода шуд, ки то кураки охирин ҳосили дар саҳробударо ҷамъоварӣ намоянд, зеро пахта яке аз ашёи хоми стратегӣ буда, дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодии кишвар нақши калидӣ мегузорад.

Ҳамчунин, меҳмонон аз хоҷагии деҳқонии “Махсуми Санги Кулула”, дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия дидан намуда, зикр гардид, ки хоҷагии мазкур дар майдони 7 гектар кишти зери плёнкаи навъи пумбадонаи “лайма” гузаронида, аз майдони ҳар як гектар то ба имрӯз 46 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, ният доранд, ки то охири мавсим хосили бо ранҷ парваридаи хешро ҷамъоварӣ намоянд.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ “Элит – Котон” дидан намуда, иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди пахта аз хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия то ба имрӯз зиёда аз 3 ҳазор тонна пахтаи ҷамъовардаи деҳқононро қабул намудааст.

Ба масъулини корхонаи коркарди пахтаи “Элит – Котон” дастур дода шуд, ки саривақт ва беталаф пахтаи истеҳсолнамудаи хоҷагидоронро қабул ва харидорӣ намоянд ва барои ҳавасманд намудани хоҷагидорон шароити муосидро фароҳам оваранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз хоҷагии деҳқонии “Мурат” дидан намуда, зикр гардид, ки хоҷагии мазкур дорои 14 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 2 гектари он парвариши лимуро дар гармхонаҳои доимоамалкунанда ба роҳ монда, айни ҳол хоҷагидорон ба ҷамъоварии лимӯ машгғул мебошанд.

Дар доираи сафари кории хеш Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонии бинои муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2023 оғоз гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маблағгузорӣ гардида, то имрӯз ба маблағи 1 миллиону 600 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур ба талаботи шаҳрдорию меъморӣ ба роҳ монда шавад. Бинои муассисаи мазкур барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, мувофиқи нақша дар соли 2026 ба истифода дода мешавад.

Ҳадафи асосии сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон ин пеш аз иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба саривақт ҷамъоварӣ намудани пахта мебошад.

Пахтакорони вилояти Хатлон дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра ба анҷом расонида, соли ҷорӣ дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 127 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон