Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри эҳё намудани фарҳанги миллӣ рӯзи 13-уми декабри соли 2025 дар “Кохи Хуросон” – и ноҳияи Хуросон, барномаи фарҳангӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон ва Имматшозода Анвар Имматшо – раиси ноҳияи Ишкошим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд намуданд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаю фарҳангӣ буда, бо фарҳанги бою ғании худ на танҳо дар Осиёи миёна, балки дар тамоми дунё шинохта шудаанд. Шиносномаи ҳар халқу миллат бо фарҳангу урфу одатҳояш мебошад, ки ҳар як давлат аз рӯи фарҳангаш шинохта мешавад. Аз ҳамин лиҳоз фарҳангро ҳастии миллат, пояи давлат ва ҷавҳари ҳастию пойдорӣ ном мебаранд.
Аҷдодони мо тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим фарҳанги бою ғании худро, ба худ мерос гирифта буда, ба воситаи иншо намудани асарҳои пурмазмуну намоишҳои фарҳангӣ миёни мардум худро муаррифӣ намудаанд, ки то ҳол ин ганҷинаҳо дастраси омма, бахусус, дӯстдорони илму фарҳанг ва насли навраси ояндасози миллат қарор доранд.
Ҳайати ҳунармандонро, ки дар ин сафар раиси ноҳияи Ишкошим – Имматшозода Анвар Имматшо ҳамроҳӣ менамуд, барои пазироии гарму самимона ва истиқболи хуш изҳори миннатдор намуданд.
Аксҳо аз рафти барнома:




