ПАЁМ – ДАСТУРИ МУҲИМИ РАВАНДИ ИНКИШОФИ ҶОМЕА

Хабарҳо

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ноҳияи Хуросон 29-уми декабр бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 06870-и Ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинон ва дар беморхонаи марказии ноҳия, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр, бо кормандони тиб вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ин вохӯриҳо инчунин муовинони раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода Идигул ва Турсунзода Дӯстмурод иштирок доштанд.

Намояндагон вобаста ба таҳлилу баррасӣ, дастуру супориш ва супоришҳое, ки зимни ироаи Паём, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта буданд, ибрози назар карданд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми худро расонида, миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ки дар он муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ, ба бунёди ояндаи нек ва рушду устувории иқтисодиёти мамлакат, инчунин некӯаҳволии ҷомеа пояҳои устувор мегузоранд.

Ҳамзамон оид ба пешгирии масъалаҳои доғи рӯз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҷиноят дар байни ҷавонон ва дигар аъзои ҷомеа, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон суханронӣ карданд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: