ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон” аз 16 декабри соли 2025 то рӯзи 6-уми январи соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр ва Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод вохӯриҳо бо иштироки раисони маҳаллаҳо, фаъолон, ҷавонону занон баргузор гардид.

Дар сӯҳбат аъзоёни гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Шарифзода Идигул, Турсунзода Дӯстмурод,- муовинони раиси ноҳия, Подшоҳзода Н- вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Нуров С., Аминов А., Сиддиқзода Ғ. роҷеъ ба мӯҳтавои Паёми навбатии ироанамудаи Сарвари давлат ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намудаанд. Зеро хуб медонанд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 -ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Аксҳо: