ХУРОСОН: ЭҲТИРОМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва Сурхқалъа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон, Шарифзода Идигул, Турсунзода Дӯстмурод – муовинони раиси ноҳия, Подшоҳзода Н.- вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Исоева М., Нуров С., Аминов А., Назаров Э., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён зимни баромаду суханрониҳои худ дар баробари шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими дар Паём зикргардида даъват ба амал оварданд, ки баҳри пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мардуми маҳалли худ содиқонаву софдилона ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ хизмат намоянд.
“Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
