ХУРОСОН: ТАРБИЯИ ДУРУСТИ НАСЛИ НАВРАС – КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН

Хабарҳо

ХУРОСОН: ТАРБИЯИ ДУРУСТИ НАСЛИ НАВРАС – КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН

Бо мақсади иҷрои саривақтии нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Хуросон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо усули “Мактаб ба мактаб” дар нимсолаи аввали соли 2026 субҳи рӯзи 13-уми январ дар қасри фарҳангии “Кохи Хуросон” бо волидайни хонандагони мактаби № 1 ва литсейи давлатии ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод ва сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон – Искандарзода Муҳаммадшоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки пешрафти ҳар як давлат ба рушди соҳаи маориф сахт вобастагӣ дорад. Агар насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия ёбад, ояндаи миллат дурахшон ва пояҳои давлат устувор мегарданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ волидайну омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти баланд эҳсос намоянд.