ХУРОСОН: ВОХӮРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН
Дар асоси банди 1-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз ҷониби раиси Ҳаракат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, рӯзи 16 январи соли 2026 оид ба тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, бонувону ҷавонон ва фаъолони ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохури раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зариф Ализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлол пешниҳод намуданд, ки соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
