ХУРОСОН: БАРГУЗОРИИ БОЗОМӮЗИҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Хабарҳо

ХУРОСОН: БАРГУЗОРИИ БОЗОМӮЗИҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

21-уми январи соли 2026 дар асоси барқияи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 янҷари соли 2026, № 5/11-58 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машварат бо кормандону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ доир карда шуд.

Яке аз мақсадҳои асосию калидии семинар-машварати омӯзишӣ ин иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ҳамасола донишҳои зимистона бо мақсади ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Дар кори машварат Абдурозиқзода Лутфулло – муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои Вазорати кишоварзӣ, Тоирова Фотиҳа- сармутахассиси Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзӣ, Раҳматов Абдураҳмон – дотсенти ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, Яҳёев Тура – мудири шӯъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории АИКТ, Тошпулотов Муҳаммад- профессори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, Гулов Сайдалӣ – профессори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, Шамсов Эмомалӣ- дотсент, мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорво ва хӯронидани чорвои хоҷагии қишлоқи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, Мизрон Некрӯз – мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ ва Назаров Бурҳониддин иштирок намуда, ба мутахассисон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсияҳои муфид дода шуданд.