ХУРОСОН: ХИЗМАТ БА ВАТАН – МАКТАБИ ШАРАФУ НОМУС

Хабарҳо

ХУРОСОН: ХИЗМАТ БА ВАТАН – МАКТАБИ ШАРАФУ НОМУС
Тибқи мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2026, № 1/-(4)-45 бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳимояи марзу буми Ватан – ифтихори мост” дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон нақша – чорабиниҳо тасдиқ гардида, имрӯз бо иштироки муовинони раиси ноҳияи Хуросон – Турсунзода Дӯстмурод, Шарифзода Идигул, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – Абдуллозода Фариза, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон – Насриддинзода Рамазон ва Бобоева Сабагул – намояндаи бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, бахшҳои ҷавонон, фарҳанг ва фаъолзанони ноҳия дар қисми ҳарбии низомии 06870 – “Б”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фахробод ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ миёни афсарону сарбозон чорабинии идона баргузор гардид.