Хуросон ҳашари умумии дастаҷамъонаи ниҳолшинони

Хабарҳо

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ҳашари умумии дастаҷамъонаи ниҳолшинони дар атрофи шоҳроҳо ва талу тепаҳо ва инчунин тоза намудани шоҳроҳо доир гардид, ки зиёда аз 2000 нафар сокинони вилоят аз ҷумла ноҳияи Хуросон ба ҳашар баромада ҳазорҳо бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда аз қабили дарахтони сасна, туту писта ва дигар намуди дарахтон шинонида шуд. Бояд қайд намоям, ки тибқи маълумотҳои бахши ҳифзи муҳити зист ноҳия нақшаи ниҳолшинони дар ноҳия 26 ҳазорро дар бар мегирад, ки то имрӯз 31ҳазору 828 ниҳол шинонида шудааст, ки 122 фоизро ташкил медиҳад. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳия идома дорад.