ХУРОСОН: ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ
Рӯзи 10 феврали соли 2026 дар асоси барқияи телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 2-юми феврали соли 2026, № 8/28 ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ амалӣ намудани ҳадафҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” дар ноҳияи Хуросон бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон ва Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – муовини раиси вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2026 соли таърихӣ аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон бояд корҳои ободониро вусъат диҳанд, хонаву кошона, кӯчаю маҳаллаҳои зисти худро тозаю озода нигоҳ доранд. Ин эълон рамзи идомаи рушди устувор ва ваҳдати миллии кишвар мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки тақвият ва таҳким ин боло бурдан ва мустаҳкам кардани ин эҳсосот тавассути таълим, чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсати давлатӣ мебошад. Ин мафҳумҳо дар сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ мебошанд.
Рӯзномаи Хуросон
