ХУРОСОН: ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Хабарҳо

ХУРОСОН: ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Имрӯз 11 феврали соли 2026 бо ташаббуси мақомоти Прокуратураи ноҳияи Хуросон Шӯрои ҳамоҳангсозии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” баргузор гардид.
Дар Шӯрои мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир Мурод, Пракурори ноҳияи Хуросон – Маҳмадшозода Манучеҳр Мирзошо, судяи суди ноҳияи Хуросон – Вализода Ҷонибек Саидмумин, сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон – генерал-майори милитсия-Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, нозири калони шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон – Муҳаммад Муминзода ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Хуросон – иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ ба оромию амнияти ҷаҳон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам медиҳад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки пешгирӣ намудани каҷравии наврасону ҷавононро пеш аз ҳама мебояд аз муҳити оилавӣ оғоз намуд, яъне аз замони кӯдакӣ бояд ба фарзандон фаҳмонид, ки чӣ ба нафъи онҳо ва чӣ бар газанди онҳо хизмат мекунад. Тамоми қишри ҷомеа бояд дар муттаҳидӣ талош намоянд, ки ҳама гуна каҷрафторӣ ва ҳодисаҳои номатлуби миёни ҷавонону наврасонро пешгирӣ намоянд, зеро ки насли наврасу ҷавон ояндаи миллату давлат ба шумор мераванд.