Бо мақсади сари вақт, бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ гузаронидани кишти зироатҳои баҳорӣ, истифодаи самаранокии техникаҳои кишоварзӣ рӯзи 16 феврали соли 2026 дар ноҳияи Хуросон чорабинии омодагии техникӣ ба кишти баҳорӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Хуросон- Суризода Носир Мурод, муовини раиси вилояти Хатлон – Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аҳмадзода Баҳром, директори КВД “Тоҷикагролизинг”- Акрамзода Юсуф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Азназаргузаронӣ нишон дод, ки аз 48 – адад тухмипошакҳои тракторӣ дар мувозинаи хоҷагиҳои кишоварзӣ мавҷудбуда 33 – адади онҳо ба кишти баҳорӣ омодаанд. Умуман, тамоми техника ва тухмипошакҳои хоҷагиҳои кишоварзии нохия ба мавсими кишти баҳорӣ омода карда мешаванд.
