ХУРОСОН: РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ АЗ ОИЛА ВОБАСТА АСТ.

Хабарҳо

ХУРОСОН: РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ АЗ ОИЛА ВОБАСТА АСТ.
Доир ба иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Хуросон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо усули “Мактаб ба мактаб” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 – и Ҷамоати деҳоти Сурхқалъаи ноҳияи Хуросон бо волидайни муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Суризода Носир Мурод – раиси ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон, таъмин намудани давомоти мунтазами таҳсил, тақвияти шавқи хонандагон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва китобхонӣ ибрози назар намоянд.
Ҳамчунин, масъалаи риояи ҳатмии либоси мактабӣ ҳамчун омили тарбияи интизом ва масъулият дар муҳити таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ волидайну омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти баланд эҳсос намоянд.