ХУРОСОН: ТАЛОШҲОИ ПАЙГИРОНАИ ДАВЛАТ БА ХОТИРИ ОБОДИИ ВАТАН
Имрӯз, 19 феврали соли 2026 баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо усули “деҳа ба деҳа” бо сокинони деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти С.Айни вохӯрӣ баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.
Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарин пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Аз тарафи рохбарияти нохия ба дархосту пешниходхои сокинон, чавоби мушаххас дода шуда, бахри бартараф намудани камбудихо ба сохторхои дахлдор дастурхои зарури дода шуданд.
