ХУРОСОН: НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ТАНИНАНДОЗ АСТ.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат мекунад”.
Тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар тамоми деҳаҳои ноҳия тантанаҳои наврӯзӣ баргузор гардида, суннатҳои наврӯзӣ риоя ва мавриди намоиш қарор дода мешаванд.
Имрӯз, 18 марти соли 2026, дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод тантанаҳои наврӯзӣ баргузор гардида, пӯшидани либосҳои миллӣ, хонарӯбон, пухтани суманак ва хурокҳои миллӣ, оростани дастархони миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин, гулгардонии гули сияҳгӯш ба намоиш гузошта шуд.
Аксҳо:

