ХУРОСОН: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз 24 марти соли 2026 бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз як қатор иншоотҳои ҷашние, ки дар нақшаи 35 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар ифтитоҳ гардиданд.
Аз ҷумла азнавсозии пул (купрук)-и деҳаи Кушличи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо маблаггузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон зиёда аз 1,5мл сомонӣ, ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Шаршари Ҷамоати деҳоти Фахробод мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ҳамзамон, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии ду тарафи пул (купрук) дар кӯчаи Ваҳдати Ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ гардид, дидан карда шуд.
Аксҳо: