ХУРОСОН: ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШӮЪБАИ МАОРИФ

Хабарҳо

ХУРОСОН: ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШӮЪБАИ МАОРИФ
Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияиҳокимиятидавлатииноҳияиХуросон “Дар бораи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2026” тантанаҳои идона доир гардида истодааст.
Имрӯз бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шӯъбаи маорифи ноҳия дар якҷоягӣ бо директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баргузор намуданд.
Тантанаҳои наврӯзӣ оид ба пушидани либоси миллӣ, пухтани суманак, пухтани хурокҳои миллӣ, дастархони миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин, ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон қайд кард, ки антанаҳои идонаи Наврӯз дар дигар ҷамоату маҳалла ва ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Хуросон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бомаром идома дорад.
Аксҳо: