НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ.

Хабарҳо

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи алу заковат ва донишу хиради халқи тоҷик маҳсуб меёбад, зеро он аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва ҳуқуқшиносони шоистаи кишвар таҳия ва бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвари мо давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шарвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иктисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шуруъ намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки пеш аз ин мардуми Тоҷикистон муқаррароти чор Конститутсияи даврони Шўравиро паси сар намудаанд.

Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид.

Иҷлосияи мазкур дар барқарор гаштани сохти нави конститутсионии кишвар нақши бузург бозид. Танҳо дар шароити вазъи солими ҷомеа, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қабули Конститутсия имконпазир буд.

Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи ҳоло амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои таърихии сессияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин иҷлосия қарор «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба таҳия намудани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи нави конститутсионӣ таҳти сарварии Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.

Дар ин ҷода ҳанўз 12 декабри соли 1992 Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нави демократӣ ва ҳуқуқбунёд замина лозим аст, ки эҷоди ин навъи давлатро Конситутсия замина мегузорад».

Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи конститутсияро ба муҳокимаи мардум пешниҳод карда, бо назардошти таклифу эродҳои мардум ба он тағйиротҳои зарурӣ дароварда, 21-22 апрели соли 1994 ин лоиҳаро дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор намуд ва муҳокимаи он оғоз гардид.

Ба муҳокимаи халқ пешниҳод кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими тақдирсоз будани он аз нав эҳсос гардид, зеро Конститутсияи нав ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халқи Тоҷикистон, асоси устувори ҳуқуқиро ба вуҷуд меовард.

21-22 июли соли 1994 Конститутсия дар Иҷлосияи ХIХ Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, ба райпурсии умумихалқӣ тавсия карда шуд.

Бо ин васила 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Халқи тоҷик таърихан ба адолату адолатпарварӣ, доду додрасӣ, додвариву инсоф содиқ мебошад. Аз ин рў халқи мо дар Конститутсия, бунёди ҷомеаи адолатпешаро ба сифати яке аз вазифаҳои муқаддаси худ қабул ва эълон намудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлатӣ тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта эълон шудаанд.

Афсари калони бахши РКҲФ МГ дар н.Хуросон – капитан Муродов Муродбек Намозович