КОНФРОНСИ НОҲИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “КОНСТИТУТСИЯ- ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ”

Хабарҳо

Субҳи имрӯз 1-уми ноябри соли равон бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия конференсияи ноҳиявӣ таҳти унвони “Конститутсия – шиносномаи миллат” баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовинони раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори конфронсро муовини раиси ноҳия Шарифзода Идигул ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем дар таърихи навини давлатдорӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад қабул намудем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдории онро муайян менамояд. Қабули ин санад барои миллати тоҷик поягузори асосии давлатдорию давлатсозии навин, инчунин барқарорсозии сохти конститутсионии давлат, ки дар натиҷаи бенизомиҳои солҳои навадуми асри гузашта фалаҷ гардида буд, маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон дар кори конференсия раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия – Бозорзода Рустам, мушовири фанни таърих ва ҳуқуқи шуъбаи маориф – Аюбова Зулқаъда ва омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ Забиров Саидназар, Нуриддинов Ориф дар бораи таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия кафили рушди босуботи кишвар, Конститутсия бахтномаи миллат маърӯза намуданд.

Аксҳо аз рафти конференсия: