ПАЁМ – ОМИЛИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ

Дар мувофиқа бо нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндаи вилояти Хатлон – Шарифзода Назрулло муовини раиси Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия дар вилояти Хатлон, Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон ҷиҳати баррасии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Continue Reading

ПАЁМ – ДАСТУРИ МУҲИМИ РАВАНДИ ИНКИШОФИ ҶОМЕА

28-уми январ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи С.Айнӣ ва Ҳилолӣ бо сокинон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси РСМС – и вилояти Хатлон – Шарифзода Назрулло ва муовини раиси ноҳияи Хуросон – […]

Continue Reading

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Рӯзи 25 январи соли 2025 баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Шаҳрвандон муроҷиатҳо аз қабили ҷудо намудани қитъаи замин, кӯмакҳои унвони иҷтимоӣ баррасӣ намуданд. Вобаста ба иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ба сохторҳои […]

Continue Reading

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанг вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Хуррамшаҳр баргузор гардид. […]

Continue Reading

БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Рӯзи 18 январи соли ҷорӣ баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ноҳияи Хуросон қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Дар рафти қабул масъалаҳои мухталиф аз ҷумла, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони […]

Continue Reading

ПАЁМ – РОҲНАМО БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Имрӯз бо иштироки муовинони раиси ноҳия Шарифзода Идигул ва Турсунзода Дӯстмурод дар муассисаи таҳсилоти умумии 4-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва литсейи давлатии 1-и маркази ноҳия вохӯрии волидайну омӯзгорон доир гашт. Дар вохӯрии мазкур иштирокчиён ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар […]

Continue Reading

АЗ ПАЁМ ТО НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ.

11 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии “Натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025” баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Музаффар Ашуриён ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии […]

Continue Reading

САРЧАШМАИ РУШДУ ПЕШРАФТИ СОҲАҲО АЗ ПАЁМ АСТ.

30-юми январ, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ Шарифзода Назрулло – муовини раиси Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон, Шарифзода Идигул – муовини раиси ноҳияи Хуросон ва дигар фаъолону сокинони […]

Continue Reading

ПАЁМ – ТАҲЛИЛГАРИ АСОСИИ РУШДИ КИШВАР

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз аз 22-юми январи соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ бо иштироки Суризода Носир – раиси ноҳияи Хуросон, Соҳибназарзода Аскаралӣ – муовини Раёсати стандартизатсия, методология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон, Сатторов Икром – сардори КДАМ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти […]

Continue Reading

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ БАЙНИ ВАРЗИШГАРОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД.

Рӯзҳои 21-22 декабр доир ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оммавигардонии варзиш, дастгирии кӯдакону ҷавонони дорои маҳдудият дар ноҳияи Хуросон тибқи Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ доир гашт. Дар чорабинӣ дастаҳо аз Душанбе, Хатлон, Суғд ва ВМКБ […]

Continue Reading