СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО ОИДИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Суханрониҳо

Меҳмонони азиз!

Ҳозирини арҷманд!

Имсол аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҳашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҳикистон» 10 сол пур мешавад. Имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии мӯҳтавои асосии Қонуни мазкур ва омодагӣ ба баргузории вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои дахлдор ва фаъолони мамлакат сӯҳбату вохӯриҳои гуруҳҳои таблиғотӣ баргузор гардида истодааст, ки имрӯз дар ноҳияи мо низ чӣ хеле ки қайд кардем, ин гуруҳи таблиғотӣ ташриф овардаанд, ки фикру ақидаҳояшонро нисбати ин қонун баён менамоянд.

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат қабул гардидааст, ки воқеан дар таърихи қонунгузории кишвари азизамон ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ташкил медиҳанд. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бениҳоят кори хайреро аҷҳом дод.

Қонуни зикргардида бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Қонуни мазкур назири худро дар ҷаҳони муосир надорад. Аз ин хотир, ин санад ҳамчун дастоварди мардуми шарифи Тоҷикистон ва ба сифати навгонии раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бояд аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ёфта, обрӯ ва мақоми кишвари моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари созанда ва эҷодкор таҳким бахшад».

То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд. Барои пешгирии ҳамаи ин ба муҳокимаи мардум зарурати танзими расму оинҳо ва анъанаҳо вогузор карда шуд. Ин воситаи фаҳмондадиҳӣ ба мардум буд, то ин ки бидонанд, ки калиди боигарии ҳар хонадон сарфаю сариштакорист. Дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари ислом омадааст: «Моли муъмин бояд мисли хуну ҷони ӯ азизу муҳтарам бошад». Ҳамаи мо бояд ба қадри боигарии худ, амволи худ, неъматҳои ба мо додашуда бирасем ва онҳоро азизу муътабар дорем.

Ҳозирини гиромӣ !

Дар зарфи 10 соли сипаригардида ва 4 моҳи соли 2017 дар ноҳия 21876 тӯю маъракаҳо гузаронида шудааст, ки аз инҳо: 2873 – адад хатнасур, 1783 – адад хатнасури хайриявӣ, 15048 – адад тӯйҳои домодию арӯсӣ, 69 – адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ, 10520 – қайди никоҳ, 2092 – маъракаи чил, 2071 – маъракаи сол мебошад, ки дар онҳо 5344 адад чорвои майда ва 14165 адад чорвои калон забҳ карда шуда, хароҷоти умумӣ – 49 млн 157 ҳазору 355 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра 56 қонуншиканӣ аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нисбати шаҳрвандони ноҳия ба қайд гирифта шуда, аз рӯи тобеият ба суд ирсол карда шудааст, ки суд нисбати онҳо аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ намудааст. Ҳамкории Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия зич алоқаманд буда, дар соли 2016 ва 4 моҳи соли 2017 – 17 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи суди ноҳия ба маблағи 39300 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, ба буҷет ворид карда шудааст. Аз тарафи бахш оид ба корҳои  дин дар рафти санҷиши фаъолияти кори комиссияҳои ҷамъиятӣ нисбати директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 Муминов Мирзомурод парванда тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия ирсол карда шудааст.

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, 27 апрели соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  гардид, ки масъалаи вобаста ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риоя нагардидани талаботҳои он махсусан аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд. Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини қатъии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пӯрзур намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Таъкид гардид, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи мо вазифадорем, ки бояд Қонуни мазкурро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надода, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, кӯшиш намоем.

Ташаккур ба диққататон!