Ҳозирини мӯҳтарам!
Варзишгарон ва ҷавонони арҷманд!
Инсоният дар тӯли таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки ҳамаи онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд.
Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад.
Ҳазорсолаи нав тақозои онро дорад, ки мо бо тавассути варзиш аз паи тансиҳатии хеш бошем. Танҳо фарди солим метавонад чун намояндаи ҷомеаи солим, фаъолият барад ва дар пешрафти ҷомеа ва давлат саҳмгузор бошад. Инсони солим ҳамчун рукни мустаҳкаму пурзӯри миллат ва варзиш метавонад ҳамчун воситаи муҳиму муфиде дар тарбияи ватандӯстӣ хидматгузори инсони ояндасоз ва дурнамои ҷомеаи солим бошад.
Бо ҳамин мақсад, имрӯз рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бахусус тарғиби он дар байни наврасону ҷавонон дар мадди назари давлат қарор дошта, сол аз сол дар ҷалби оммаи васеи халқ ба варзиш ва дар баланд бардоштани маҳорату истеъдоди варзишгарон тадбирҳо андешида мешаванд.
Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш зимни мулоқот бо варзишгарони мамлакат иброз намуданд, ки «Ҳадафи асосии сиёсати давлати мо фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавӣ гардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст.
Тарбияи ҷисмонию варзиш воситаи хуби тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба корҳои манфиатбахш мебошад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила Қонуну қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш ҳамаи шароити заруриро фароҳам орад.
Рушду инкишоф додани варзиш ва дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани он яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: «Хоҳӣ солим бошӣ, бидав!» ва «Саломатии миллат сарвати бебаҳост».
Бо ҳамин мақсад таи чанд сол аст, ки боибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари сарзамини Тоҷикистон иди варзишии «Рӯзи Дави миллӣ» баргузор мегардад.
Мо низ ин иқдоми Президенти кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳамасола дар ин маросими идонаи муфид ба саломатӣ ва таъмини тарзи ҳаёти солим иштирок менамоем.
Имрӯз дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, хонандагони мактабҳои ноҳия иштирок доранд. Ин чорабинӣ баҳри оммавӣ гардонидани варзиш, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, варзишгарони соҳибифтихори Ватан ва тарбияи насли наврас гузаронида мешавад. Мавриди қайд аст, ки Дави миллӣ ба яке аз мусобиқаҳои анъанавии ҷумҳуриявӣ табдилёфта, сол аз сол бо афзудани нуфузи ин мусобиқа хоҳишмандон баҳри иштирок дар он зиёд мегарданд.
Бояд қайд намоям, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ро «Соли ҷавонон» эълон намуд. бо ин мақсад дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи мо низ баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ баргузор гардида истодааст.
Ба ин рӯзҳо рост омадани «Дави миллӣ» басо рамзист, зеро аксарияти аҳолии ноҳияро ҷавонон, ки нерӯи муқтадири созанда ва пешбарандаи ҷомеаи навин мебошанд, ташкил медиҳанд. Мо боварӣ дорем, ҷавонон дар рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкор саҳми босазои худро мегузоранд.
Бинобар ин ҳамаи Шуморо ба иди варзишии миллӣ – Дави миллӣ, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад, табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хушиҳои беҳтарини ҷавонӣ ва комрониву саодатмандиҳои беназирро таманно дорам.
Бигузор хамеша ҷавону солим бошед!
Ташаккур ба диққататон, саломат бошед!