Мутобиқи нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло баргузор гардид. Дар кори маҷлиси имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Исоев Муродалӣ Носирович – сардори шуъбаи Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Инчунин, дар толор муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, соҳибкорон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия Саидзода С. оид ба вазъи фаъолияти соҳа дар шашмоҳаи аввали соли 2017 шунида шуд. Пас аз музокирот муовини раиси ноҳияи Хуросон вазъи фаъолияти соҳаро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дод.
Сипас, раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло вазъи фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Хуросонро дар шашмоҳаи аввали соли 2017 мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дод.