НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Хабарҳо

Рӯзи 1 августи соли 2017 дар ноҳияи Хуросон нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорон, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло, як қатор кормандони мақомот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ масъалаи дӯхти либоси мактабӣ баррасӣ гардид.

Дар ноҳия сехи дӯзандагии ҶДММ «Шоҳина» тасмим гирифтааст, ки 5 муассисаи таълимиро бо либоси мактабӣ таъмин намояд. Айни замон 6000 ҳазор либосҳои бачагонаву духтарона тайёр буда, дар назар аст то саршавии соли нави таҳсил боз 13500 либоси ягона омода намояд, қайд намуд раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло.

Дар мавриди ташкили ҷойҳои нави корӣ, раиси ноҳия итилоъ дод, ки айни замон 403 нафар ҳамчун бекор дар қайданд. Дар давраи ҳисоботӣ 6 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, 586 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин, 128 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷиҳати қолинбофию адрасбофӣ ва касбҳои сохтмонӣ роҳхат гирифтанд.

Барномаи боғдорӣ дар ноҳия барзиёд иҷро гардид, ки ба ин восита ҳаҷми меваҷот дар ноҳия боз ҳам зиёд гардида, ҷиҳати мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат кард.

Дар ҳисоботи худ раиси ноҳия ба дигар паҳлуҳои дастовардҳои меҳнаткашони деҳот ва мушкилоти то ҳануз ҷойдошта дар маҳал муфассал равшанӣ андохта, бо бовари изҳор дошт, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия дар  ҷашни мубораки 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон бо муваффақиятҳои назаррастаре соҳиб хоҳанд шуд.

Дар охир намояндагони ВАО аз нигоҳи татқиқу мушоҳидаҳои бардоштаашон саволҳо дода, ҷавобҳоии қаноатбахш гирифтанд.