ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА РАҲМАТУЛЛО БАХШИДА БА ҶАШНИ «26 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН»

Хабарҳо

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бисту шаш сол муқаддам миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас – истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинасраи ниёгонамон пайвастани давлатдории навини худро бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

 

Бинобар ин ҳамаи Шумо ва дар шахсияти шумо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро ба муносибати ин ҷашни бузургу таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Ҳозирини арҷманд!

Неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо истиқлолият мебошад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту шаш сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст.

Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Аз саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бармеояд, ки мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд.

Дар арафаи ба истиқлолият расидани мо бадхоҳони миллати тоҷик бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ ва усулҳои озмудаи худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки таҳти таъсири онҳо ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён аз байн рафта буд, тавонистанд авввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.

Вале бар хилофи азму талошҳои гуруҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солимии ҷомеаи мо роҳи расидан ба сулҳу суббот  ва ваҳдати миллиро, ки мардуми мо онро дер боз интизор буданд интихоб карданд, ки чанде нагузашта ҳаёт дуруст будани онро собит намуд. Зеро мардуми Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ диданд. Маҳз аз ҳамин хотир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қиммати бузург доранд ва ҳифзи таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии   ҳар яки мо мебошад.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 26 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрӯз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд. 

Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти бисту шаш соли сипаришуда назар афканем, мебинем, ки корнома ва азму талоши ободгаронаи Сарвари давлат ва сокинони мамлакат то кадом андоза бузург аст.

Чуноне ки Пешвои миллат қайд менамоянд:«Бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст».

Дар ҳақиқат ҳар як гӯшаву канори кишвари маҳбубамон рӯз то рӯз ободу зебо гардида, ҳар як фарди соҳибмаърифату ватандӯсти кишвар ҷиҳати бунёд намудани давлати пояндаву обод қарзи фарзандии худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад.

Дар тӯли бисту шаш соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд.

Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қиматтарин ганҷинаи он фарзандони бонангу номусаш мебошанд, ки Ватани худро чун модар дӯст медоранд ва тамоми имконияту нерӯи худро барои ободии он равона мекунанд».

Бинобар ин мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷоовидонӣ мебошанд шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Ҳамдиёрони азиз!

Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад.

Бигзор аз нури хуршеди истиқлолият Нишони пурҷило ва Парчами парафшони давлати соҳибихтиёри мо сарбаланд бошад ва аз шӯълаи ҳаётбахши истиқлол рӯзгори мардуми кишвар осоишу баракати тоза пайдо намояд.

Итминон дорам, ки ҳар як фарди бонангу номуси миллат бо шукрона аз сулҳу субот ба неъмати бебаҳои тақдир, яъне истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузорад ва барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар як гӯшаи Ватани аҷдодиамон саҳми ватандӯстонаи худро дареғ намедорад.

Бори дигар бистушашумин солгарди истиқлолу озодии кишвари азизамонро ба  шумо ва тамоми сокинони ноҳия самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва дастовардҳои бузург орзу менамоям.

Бигзор аз заҳмати ҳар фарди бонангу номуси миллат Тоҷикистони азизамон пур аз файзу баракат ва кишвари маҳбубамон боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардад.

Ҷашни 26 – солагии истиқлолияту озодии Ватан муборак бошад!

Хушбахту сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!