ШОМИ ҶАВОНОН

Хабарҳо

Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳия бо иштроки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба худшиносиву худогоҳии миллӣ чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонон” бахшида ба “Соли ҷавонон” дар мавзӯъҳои “Танзим баракати зиндагӣ”, “Либоси миллӣ – оинаи ниёгон аст” ва “Мо ҷавонон ҷонибдори қонунҳои миллӣ” гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 3 ҳазор нафар ҷавонон иштирок намуданд. Инчунин дар ин чорабинӣ аз тарафи ҷавондухтарон намоиши либосҳои миллӣ гузаронида шуд. Шиору овезаҳо ба намоиш гузошта шуда, дар охир бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии “Шоми ҷавонон” баромад намуданд.