Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои моҳи октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Рӯзи якуми даъват, ки бо унвони «Рӯзи даъватшаванда» мегузарад дар ноҳияи мо низ бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстӣ доир гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ин мақсад дар майдони марказии ноҳия гузашт, раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло, раиси комиссияи даъватӣ Подшоҳзода Нуриниссо, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, волидон даъватшавандагонро, ки аз ҳисоби ҷавонони ҷисману руҳан солим интихоб шуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан, осудагии аҳли хонавода, осоиштагии кишвар ҷамъ омада буданд, табрик намуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба наваскарон либоси ягона тақдим карда шуд. Ва дар охир бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо барномаҳои консертии худ дили ҳозиринро шод гардониданд.