Санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба ҷашни 23 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар” байни хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 450 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд. Дар ин қувваозмоӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 18, 1, 10 сазовори ҷойҳои аввал гардида, аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.