Ҳозирини гиромӣ !
Пеш аз ҳама, мехоҳам тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба фарорасии Иди касбӣ- Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои бошарафу пурифтихоратон барору зафарҳои беназир орзу намоям.
Аз он хурсандем, ки имрӯз мову Шумо дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмии халқамон рӯзи милитсияи тоҷикро бо тантана қайд менамоем.
Милитсияи тоҷик дар давраи дигаргунисозиҳои инқилобӣ, дар натиҷаи барҳам хурдани дастгоҳи кӯҳнаи давлати истисморгар ва шохаҳои ҷазодиҳандаи он соли 1925-ум ҳайати шахсии кормандони комиссариати халқии корҳои дохилӣ ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуда, дар даврони соҳибистиқлоли рисолати тоза касб кард.
Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии муҳим дорад, ки иҷрои ин вазифаи пурмасъул ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла ба мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст.
Вобаста ба ин, тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат хусусан ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад.
Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо қайд менамоянд, ки «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба души мақомоти корҳои дохилӣ гузоштаанд».
Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ донишу малакаи худро истифода намуда, бо дилу ниятҳои нек ин вазифаи пурмасъулиятро сарбаландона иҷро карда меоянд.
Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ҳамчун ҷузъи таркибии милитсияи тоҷик корҳои шоёну сазовори таҳсинро ба сомон расонидааст.
Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намуданд.
Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад.
Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ соли 1992 ва то имрӯз барои оромӣ ва сулҳу салоҳ дар кишвар чандин нафар кормандони милитсияи ноҳия ҷони худро нисор кардаанд.
Ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ амнияти ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ меистад. Зеро оромиву осоиштагӣ ва тартибу низом ба фаъолияти пурсамар ва фидокоронаи кормандони милитсия сахт алоқаманд аст.
Фаъолияти кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, ки ба пешгирӣ намудани ҷиноят, татбиқи чорабиниҳои махсус оид ба фош намудани ҷиноятҳои муташаккилона, халъи силоҳ, ошкор ва мусодираи маводи мухаддир, мубориза зиддӣ ришвахурӣ ва дигар чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ равона шудааст, масъулияти ҷиддиро талаб мекунад.
Ҳамзамон мехоҳам аз хизматҳои шоистаи шахсиятҳои арзанда ва собиқадорони ба касби хеш содиқ ба монанди подполковники милитсия Муҳиддинов Исломиддин, майорҳои милитсия Баҳовиддинов Субҳонқул, Раҷабов Мирзоабдулло, капитани милитсия Ахмедов Назар, лейтенанти калони милитсия Раҷабов Абдураҳмон, старшинаҳои милитсия Ғаниев Баҳриддин, Каримов Алимурод, Ҳакимов Изатулло ва Бобоалиев Раҳматбекро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро нисор кардаанд. Номи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини кишварамон абадан сабт гардидаанд.
Зарур аст, ки хизматҳои арзандаи онҳо ҳарчи бештар барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди милливу ватандорӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол истифода карда шавад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои онҳо барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.
Илова бар ин, тӯли 10 соли охир маоши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 20 баробар зиёд карда шуда, ҳамчунин дар доираи амалисозии барномаи рушди милитсия дар солҳои 2014-2020 ҷиҷати ҳавасмандгардонии кормандони соҳа давра ба давра чораҷӯӣ карда мешавад.
Ҳозирини гиромӣ !
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳайати шахсӣ ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба ин Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии рӯзи «Милитсияи тоҷик» аз самими дил табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, сарбаландию сарфарозӣ, бахти неку иқболи баланд ва баҳри таъмини волоияти қонун комёбиҳои беназир орзӯ менамоям.
Ташаккур !
Саломату сарбаланд бошед, Ҳомиёни азиз !