Ман аъзои ҲНИТ набудам. Сабаби ба хориҷи кишвар рафтанам ин буд, ки ман моҳи январи соли 1995 бо тавсияи сокини ноҳияи Хуросон Нусрат ном шахс барои омӯхтани илмҳои динӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтам. Ба донишгоҳ шомил шуда натавонистам, зеро давраи қабули муҳассилин ба охир расида буд. Аз ин сабаб бо тавсияи муҳоҷирони тоҷик ба Ҷумҳурии исломии Покистон рафтам.
Дар шаҳри Пешовари Покистон сурощи ҷойи таҳсил намудем. Ба мо иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Лоҳур дар донишгоҳи «Минҳоҷ-ул-Қуръон» муҳассилини хориҷиро ба донишҷуӣ қабул мекунанд. Дар ин донишгоҳ тақрибан 7 моҳ таҳсил кардам. Дар давоми таҳсилам дар ин донишгоҳ мушоҳида намудам, ки муҳассилини тоҷик аз тарафи собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, таҳсили онҳо маблағгузорӣ карда мешавад ва пурра таҳти назорати роҳбарони ин ҳизб қарор мегирад. Ичунин дар давоми таҳсилам шоҳиди он гаштам, ки роҳбарони ин ҳизб, аз ҷумла эшони Қиёмиддини Ғозӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, аз муҳассилини тоҷик санҷиш мегирифт. Бо сабаби он ки дар шаҳри Исломобод Сафоратхонаи Ҷумҳурии арабии Мисрро тарконданд, дар саросари кишвари Покистон реҷаи санҷиши шиносномавӣ ҷорӣ карда шуд ва моро чун шаҳрванди хориҷӣ аз донишгоҳ хориҷ намуданд. Баъд аз ин ҳодиса дар ба дар гаштани мо шурӯъ шуд. Дар яке аз мадрасаҳои ин кишвар барои тафсири Қуръон як моҳ таҳсил намудем. Шароити зисти мадраса тоқатфарсо буд. Дарс бо забони урду мегузашт. Се маҳал хӯрок диҳанд ҳам, ҷои зист надоштем. Дар хонаи бепалос ва ҷои хоб зиндагӣ мекардем.
Дар ин шароити номусоид ман ба беморӣ гирифтор шудам. Шояд ин беморӣ табларза ва ё домана буд, ки ҳеҷ рӯ ба сиҳати намеовардам.
Аз он мадраса ба назди писари эшони Қиёмиддин ҳоҷӣ Саидмуҳаммади Ғозӣ ба шаҳри Исломобод омадам. Чанд рӯзе ӯ маро муолиҷа кард, вале давоҳо ҳеҷ кумакие накарданд. Баъдан ӯ аз зинда мондани ман шубҳа карда, маро ба шаҳри Кобули Афғонистон фиристод. Чанд муддат то омода шудани тайёра ба тарафи Тахор муқими ин шаҳр будам. Дар миёнаҳои соли 1996 ба Тахор омадам. Дар шаҳри Тахор дар хонаи эшони Қиёмиддини Ғозӣ, ки ҳамроҳи 2-3 зану фарзандонаш мезист, муқим шудам.
Вақте, ки ман дар Тахор будам, ҳис кардам, ки дар байни муҳоҷирон маҳалчигӣ ба авҷи аъло расидааст. Дар ин ҷо дар байни саркардагони ТЭТ «ҲНИТ» ҳаннотӣ ривоҷ дошт. Онҳо ба қавми худашон ба «Ғазо» тайёрӣ медиданд. Бо маблағҳои аз тарафи хоҷаҳояшон расида силоҳ ва дигар лавозимоти ҷангиро харидорӣ мекарданд. Ин омодагиҳоро ҳайати (комиссия) баландпояи ҳарбиашон санҷиш мекард. Баъди рафтани мушоҳидачиён роҳбарони ҳизбиву қумондонҳо он лавозимотҳои ҳарбиро ба бозор бароварда бо нархи аз харидаашон арзон мефурӯхтанд ва ба эҳтиёҷоти худ сарф мекарданд.
Сафи муҷоҳидон аз ҳисоби ашхоси камбащалу бесоҳиб пурра карда мешуд. Онҳо ба муҳорибаҳо дар ҳудуди минтақаҳои Рашт ва дигар нуқтаҳои даргирӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, бар зидди ҳамватанони худ меҷангиданд. Захмшудагон ба шаҳри Тахор баргашта, муолиҷа мегирифтанду дубора ба ҷанги бародаркуш мерафтанд ва онро «ҷиҳод» меномиданд. Фарзандон ва наздикони роҳбарони ҳизб дар муҳорибаҳо иштирок намекарданд. Чаро?
Дар ин айём, ки ман ба бемории сахт гирифтор буда, дар фикри фирор аз наҳзатиён афтодам. Ба хотири он ки ман фирор намкунам, маро барои таҳсил ба Ҷумҳурии Эрон фиристоданд. Ин кор бо маслиҳати эшони Қиёмиддин сурат гирифт. Гурӯҳи мо тахминан аз 30 нафар иборат буд.
Аввалҳои моҳи ноябри соли 1996 ба шаҳри Машҳад расидем ва аз он ҷо ба пойтахти Эрон шаҳри Теҳрон раҳсипор шудем.
Дар ин шаҳр бо мақсади дохил шудан ба донишгоҳи олии Теҳрон як сол курси омодагиро (подкурс) таълим гирифтем. Бо сабаби саводи кофӣ надоштан ягон нафарамон ба донишгоҳ шомил нашудем. Муддати 2-3 моҳ дар шаҳри Қараҷии Эрон истиқомат кардем, ки дар ин муддат ман сахт бемор будам.
Баъдан бо тайёра ба шаҳри Тахор омадем. Чанд муддат дар хонаи эшони Қиёмиддин ва хонаи мулло Қосим истиқомат доштам. Дар ин ҷо ман мушоҳида намудам, ки сардорони ҲНИТ, аз ҷумла Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба хонаи эшони Қиёмиддин ва мулло Қосим ташриф оварда, ҷаласаҳо меоростанд, нақшаҳояшонро тарҳрезӣ мекарданд.
Ман, ки аз ин бесарусомониҳо ба ҷон омада будам, ҳамавақт орзуи ба Ватан баргаштанро мекардам. Ин фурсат соли 1997 фаро расид.
Дар Хонобод чанд руз истода, ҳамроҳи муҳоҷирон рӯ ба Ватан овардам. Аз тариқи бандари Шерхон ба марзи Ватан гузаштам.
Дар ин давра бемории ман авҷ гирифта буд ва ҳатто баъзеҳо ба зинда мондани ман боварӣ надоштанд. Баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо мо бо автобус ба тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа равона шудем. Дар аснои сафар автобуси мо дар лаби киштзори пахта аз кор монд. Баъди ғизои якум пахтазорро обёрӣ мекарданд. Ман, ки тафси баланд доштам, бе ягон дудилагӣ аз обӣ ҷӯяке, ки нисбатан оби зиёдтар ҷорӣ буд, 2-3 каф нӯшидам. Баъди нӯшидани ин об мисли он, ки аз бадан либосро мекашӣ, аз тани ман тафс ва дард якборагӣ берун шуданд. Ман шукри Яздони пок ва обу хоки Ватан кардам, ки аз ҳамаи давоҳои хориҷӣ бештар ба ман таъсир расонд ва ман аз маризии шадид, ки чанд сол маро озор медод, раҳо ёфтам.
Дар ин лаҳзаҳо гуфтаи бузургон: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳатр»-ро ба ёд овардам.
Ҳамчунин баъди ба макони зист баргаштанам аз тарафи собиқ роҳбарони ҲНИТ барои шомил шудан дар сафи ин ҳизби беадолат даъват гардидам. Аммо ман даъвати онҳоро рад карда, гуфтам, ки нақшаву ниятҳои ҳизби шуморо ман алакай омухтаам ва шумо ба мақсадҳои худ нахоҳед расид.
Дар Ватан касе маро озор надод ва ман ба касби дӯстдоштаам таъмири мошинҳо машғул шудам.
Бобокалонов Раҷаббек Сафарович, сокини деҳаи Ҳилолӣ, ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, ноҳияи Хуросон.