ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯ

Хабарҳо

     Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон аз сари нав эҳё ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳар сол дар сар то сари Ватани азизамон ҷашн гирифта мешавад.

     Ҳунар ва ҳунармандӣ маҳсули хираду дасти инсон буда, муаррифгари миллат, таъриху фарҳанг, табиату зебоипарастиҳо ва шинохти кишвар аст.

     Эълон гардидидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад.

     Аз ин хотир, 28 январи соли равон дар боғи фарҳангӣ ва истироҳатии ноҳия ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

     Дар ҷашни Сада ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ фаъолона ширкат варзиданд.

     Онҳо ҳунарҳои мардумии худро аз қабили зочабофӣ, луфтаку шапкабофӣ,   гулдузивӣ чакандузӣ, рағҷабофӣ, шерозбофӣ, кулолгарӣ, қаламзанӣ, тоқидузӣ, ҷуроббофӣ, дуредгарӣ, устогӣ дар чуб, косаву табақтарошӣ, оҳангарон бошанд тешаву табар, дос, бел афзору асбоби асп, зини асп ва ғайраҳоро ба маърази намоиш гузоштанд.

     Намоиши маҳсулотҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кандакориву оҳангарӣ нишонаи он аст, ки мардуми ноҳия аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ бархурдоранд.