ҚИССАИ ЯК АСИРИ НАҲЗАТ

Хабарҳо

     ПЕШГУФТОР:

     Ҳаркӣ н-омӯхт аз гузашти рузгор,

     Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор…

     Аз ҳама даҳшаттарин барои инсон он аст, агар ӯ аз таҷрибаи талхи худ ибрат нагираду, пайи ислоҳи он нашавад… Сад афсӯс, ки баъд аз ҳазорон фитнаву дасисабозиҳо, хунрезиҳо, наҳсигариҳо, сухтану бохтанҳо то ҳол намояндагони беимони наҳзатӣ аз «даъвати ҷанг» даст намекашанд.  Бале, «даъват ба ҷанг». Зеро, ибтидо аз соли 1990 ин неоисломистҳои тоҷик анбуҳи мардуми бечораро ба майдонҳои пойтахт  кашола карда, даъват ба амал меоварданд, ки «Ҳукуматро сарнагун кунед», «ин идораву фалон вазоратро ғасб кунед», «Фалониро гаравгон гиред», «Тир холӣ кунед, малоикаҳо он тирро ба қалби кофир мезананд» ва ғайраву ва ҳоказо… Дар ин байн, 27 сол гузашт… То ҳол, чун эстафетаи «аз даст ба даст», ҳамин гуна даъватҳо идома доранд. Ҳамон гуфтаҳо, ҳамон стратегия, хамон идеология, ҳамон муқовимат, танҳо чеҳраҳои дигар. Яъне, аз С.А.Нурӣ ба Ҳимматзода, аз Ҳимматзода ба Эшони Қиёмиддини ғозӣ, аз ин ба Алӣ, аз Алӣ ба Валӣ… ва инак расидем ба «амри маъруф»-ҳои Муҳиддин Кабирӣ..

     Ин шахси манфур, гирди худ зиёда аз 10-20 нафар гумроҳи дигарро ҷамъ карда, бо пули «падарандар»-и хориҷиаш ба ҳавлии 8 миллион тоҷик санг партофа истодааст… Фикре маро ором намегузорад, ки кадом модар ин аблаҳонро синаи меҳр додаву, кадом падаре насиҳаташон карда… Кадом табиату хӯ ботини ғаши онҳоро фаро гирифтааст???

     Хонандаи гиромии мо, аллакай дарк кардааст, ки тайи чанд моҳи охир дар сархати расонаҳои иттилоотӣ мақолаҳои ифшокунандаи симои аслии наҳзатиён аз ҷониби худи саркардагон ва роҳбарони ниҳодҳои сиёсиву ҳарбии ҲНИТ, пушаймонии онҳо ва иштирокчиёни бевоситаи он даргириҳои бемаънӣ зиёд гаштааст. Баъд аз мутолиаи мусоҳибаи кадом як рузноманигоре бо собиқ муовини САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) Сайҷалол Сияҳаков дар рузномаи «Фараж» таҳти унвони «Шоҳиди зиндаи бедодиҳои ҲНИТ» ва мусоҳибаи озод  бо «Ҳаким бангӣ» ном қумондони пешсафи ИНОТ ва дигарон дарк кардам, дар сурате, ки чунин як мансабдорони баландпояи  ИНОТ бо як шеваи тунд ҳамсангарони худро мавриди танқиди шадид қарор дода, онҳоро «гумроҳ», «фурухташуда», «муттаҳам» ва «хоин» ном мебаранд, чӣ монад ба мухолифини онҳо.. Онҳо бо як дарди гарон дигаронро ҳушдор медиҳанд, ки аз наҳзатиҳо худро канор гиранд, ба доми фиреби онҳо наафтанд, зеро худи онҳо боре дар фитнаи ин қишри оштинопазир сухтаанд..

     Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

     Сина мегуяд, ки ман танг омадам, фарёд кун..

     Мусоҳиба бо Ҳабибулло Абдуллоев.

     Маълумотнома: Абдуллоев Ҳабибулло, 08.11.1950, зодаи н.Балҷувон, истиқоматкунандаи н.Вахш, солҳои 1980-1983, донишҷӯи Мактаби олии ВКД ҶТ, с.1983 муддати 6 моҳ дар МО ВКД Чумҳурии Украина ба ҳайси тарҷумон кор кардааст, солҳои 1983-1984 дар МО Ҳизби коммунисти ш.Ленинград низ ба ҳайси тарҷумсон кору фаъолият намудааст. Аз с.1984 то с.1995 дар ШВКД н.Вахш, дар вазифаҳои нозири минтақавӣ, командири рота, нозири бахши кофтукови ҷиноӣ ва муфаттиш кор кардааст. Аз с.1995 то с.2002 муовини сардори ШВКД н.Вахш кор кардааст. Соли 2002 бо рутбаи майори милиса ба нафақа баромадааст. Солҳои 1992-1997 дар минтақаҳои доғи ҷумҳурӣ барои барқароркунии сохти конститутсионӣ фаъолона иштирок варзидааст.

     Таърихи 25-30 соли қаблии кишвар гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарони вақти давлату Ҳукумат аз бесалоҳиятӣ, беҷуръатӣ, надоштани дониши комили сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар идоракунии давлат дар ибтидои соҳибистиқлол гаштани ватани маҳбубамон, тавону қудрати танзиму назорати фаъолияти гуруҳҳои иртиҷоии динии барои ҷомеаи мусалмони мо ҷадидро надоштанд. Маҳз бесалоҳиятӣ ва бефаъолиятии ҳукуматдорони давр боис гашт, ки гуруҳҳои иртиҷоии динӣ аз қабили «ваҳобия»-ву «салафия» тавонистанд як қисми мардуми кишварро фирефта ва ба сафҳои худ ҷалб гардонида, минбаъд бо ҳам омада ба таъсиси ҳизби терористиву экстремистии ҲНИТ муваффақ шаванд. Гуруҳҳои иртиҷоии зикргардида аз муҳиту шароити барояшон мусоид маккорона истифода намуда, кайҳо боз ҳамчун гумоштагон озодона бо фармону дастури хоҷагои хориҷии худ байни мардум таълимоти ботили мазҳабу равияҳои бегонаро таблиғу ташвиқ мекарданд. Гарчанде он гуруҳҳо масъулияту салоҳияти ҳалли масъалаҳои диниву мазҳабиро надошта бошанд ҳам, ҳамчун нафарони ғайри аҳли фатво тартиботу талаботҳои  ғайри мазҳаби моро ба мардум фатво медоданд. Амалҳои бегонапарастонаи онҳо  боиси паҳн шудани афкори гумроҳкунанда гардид ва дар байни мардум аз рӯи ақоиди мазҳабӣ тафриқа андохта шуд.

     Дар ниҳоят, ТЭТ ҲНИТ барои бо роҳи қудрат ҷорӣ кардани мазҳабу равияи динии бегона хостори ғасби давлату  ҳукумат гардид ва кишварро ба вартаи нобудӣ кашид.. Дар он ҷанги бародаркӯш ҳазорон нафар ҷони ширини худро бохтанд ва ҳазорон нафари дигар аз зулми бераҳмонаи намояндагони ТЭТ ҲНИТ ҷабру ситами ваҳшиёна диданд. Барои исботи ин гуфтаҳо мо бо яке аз ҷабрдидагони солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ, собиқ муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш муҳтарам Ҳабибулло Абдуллоев суҳбате оростем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони заккиву гиромиқадр мегардонем.

     – Акаи Ҳабибулло, Шумо солҳои тӯлонӣ дар мақомоти милитсия дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудед. Мехоҳем аз дидаву мушоҳидаҳоятон дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ, ки бевосита шоҳиди он воқеаҳои мудҳиш будед, каме нақл кунед.

     Ҳануз солҳои охири побарҷо будани собиқ давлати шуравӣ, ҳизбу ҳаракатҳои  гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти маҳалгароидошта дар кишвари мо арзи вуҷуд карда буданд, ки ҳар кадоме аз он гуруҳҳо талош доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсии мамлакатро ба даст биёранд. Дар ин қатор роҳбарону муассисони ТЭТ ҲНИТ, ки аксарият зодагону бошандагони ноҳияи Вахшу Бохтар буданд, хеле барвақттар бо роҳҳои ошкору ниҳон фаъолияти худро оғоз карда буданд. Саркардагони ин ташкилоти экстремистӣ дар оғози фаъолияташон аслан ба ду гуруҳ тақсим буданд. Гуруҳи якум пайравони равияи ваҳобӣ, ки роҳбари маънавии он Эшони Саидашраф  ва  гуруҳи дуюм пайравони мазҳаби шиа, ки роҳбари ин гуруҳ Мулло Абдулло (Саид Абдуллои Нурӣ) маҳсуб меёфтанд, ба шумор мерафтанд. Дертар ин ду гуруҳи аз ҷиҳати ақидавӣ ба ҳам мухолиф бо ҳам омада ТЭТ ҲНИТ-ро созмон доданд. Намоянагони ҳарду гуруҳҳои зикргардида пайваста дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти мазҳаби ҳанафиро танқид карда, гоҳе ҳатто куфр мехонданд. Ҳолатҳои зиёде буданд, ки руҳониёни асили мазҳаби ҳанафи аз мақсадҳои ғаразноки онҳо воқиф гашта, таблиғотчиёни наҳзатиро аз сухан гуфтан бозмедоштанд. Баъзан баҳсҳои онҳо ба задухурд анҷом меёфт.

     – Шумо ишора кардед, ки намояндагони наҳзатӣ ақидаву таълимоти мазҳаби шиа ва равияи ваҳобиро ошкорову пинҳонӣ дар байни мардум таблиғу ташвиқ мекарданд. Лутфан ҳамин нуктаро шарҳ медодед?

     Ҳамон солҳо ман ҳамчун корманди милитсия дар ШКД-и ноҳияи Вахш инспектори бахши кофтукови ҷиноӣ шуда кор мекардам. Ба мо дар бораи фаъолияти пинҳонкории наҳзатиҳо маълумотҳои зиёд мерасид. Гуруҳи руҳониён ба истилоҳ «муллоҳо» бо баҳонаи «чойгаштак», «дарсхонӣ», «зиёфат» ва «шабнишинӣ» дар ҳар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар хонаҳои шиносҳои худ одамони зиёдро ҷамъ намуда, таълимоти сиёсии динии худро, ки аз таълимоти шиагароӣ ва ваҳобӣ иборат буд, ташвиқ мекарданд. Гарчанде маълум буд, ки кирдору фаъолияти наҳзатиҳо барои оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад, бо баҳонаи демократияву озодӣ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ наметавонистанд нисбати ҳаракатҳои онҳо тадбирҳои қонунӣ андешанд. Ҳамин буд, ки наҳзатиҳо якбора ба фаъолияти ошкоро гузашта, бо баҳонаи «мавлудхонӣ»  тамоми фасли сол тую маъракаҳоро ба маҳфилҳои «ташвиқотиву тарғиботӣ» ва ҷалби ҷонибдорону пайравони худ табдил доданд. Суханрониҳои наҳзатиҳоро аксарияти мардум шунида, аз мақсадҳои ғаразнокашон воқиф гашта, нисбати онҳо эътироз мекарданд. Вале мутаасифона одамони гумроҳгаштаи  зиёди дигаре ҳам буданд, ки фирефтаи наҳзатиҳо мегаштанд.

     – Шумо ишора кардед, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дидаву дониста ба фаъолияти ҷинояткоронаи наҳзатиҳо монеъ намешуданд. Оё наҳзатиҳо дар симои кормандони милитсия пуштибонҳо ё ҷонибдорони худро медиданд?

     На, ин тавр набуд. Гарчанде дар байни кормадони милитсия ва дигар сохторҳои давлатӣ пайравону ҷонибдорони наҳзатиҳо кам набуданд, вале ба ин нигоҳ накарда онҳо дар симои кормандони ҳамагуна сохторҳои давлатӣ душмани асосии худро медиданд ва дар аввалин фурсат омода буданд, ки кормандони давлатиро гаравгон гирифта, ба қатл расонанд. Яке аз он кормандони ҷабрдидаи милитсия худи ман ҳастам, ки наҳзатиҳо дастгир ва ҳафт шабонарӯз дар асорати худ маро нигоҳ доштаанд. Ин 7 шабонарӯз 20 соли умрамро кутаҳ кард…

     – Хеле мароқовар. Агар малоли хотиратон набошад, тафсилоти ба асорат афтиданатонро муфассалтар шарҳ медодед?

     Хуб. Моҳи июни соли 1992 мо се нафар савори мошини шахсии  мудири шуъбаи молияи ноҳия – Тағоев Абдуназар, сокини шуъбаи якуми ҷ/ш Киров -Насуров Файзиддин ва ман баъди кор аз маркази ноҳияи Вахш ба маҳали зистамон шуъбаи якуми чамоати шаҳраки Киров ба хонаҳоямон бармегаштем. Ҳангоми ба шуъбаи дуюми ҳамин ҷамоат ворид шудан, дар роҳ ҳангоми ҳаракат дар нақлиёт силоҳбадастони наҳзатӣ бе огоҳии пешаки суи мошини мо аз автомат оташ кушоданд. Тағоев Абдуназар, ки дар паси чанбарак мошинро идора мекард, аз дасташ тир хурд. Аз ҳолати ба амаломада мо ҳама дар таҳлука афтодем, аммо дар ҳолати шок ба пеш ҳаракат мекардем. Тахминан баъди 200-300 метр роҳ рафтан дар назди купруки шуъбаи дуюм пеши мошинро маҷбур гирифта, моро аз мошин фароварданд. Азбаски Тағоев Абдуназар аз дасташ тир хурда буду хунаш беист мешорид ва сару либосаш ғарқоби хун буду аз дарди шадид нолиш мекард, зориву тавалло мекард, ки моро раҳо кунед. Вале наҳзатиҳои силоҳбадаст, ин «мусалмонони номусалмон» ҳатто ба ҳоли зори Абдуназари маҷруҳгардида раҳмашон наомада моро зери мушту лағад қарор доданд. Сардорашон амр дод, ки дастони ин «кофирон»-ро паси пушт бо сим бибандед. Ман илтимос кардам, ки майлаш маро ба асорат гиреду А.Тағоевро, ки маҷруҳ гаштааст ҷавоб диҳед то ин ки рафта ҷароҳаташро муолиҷа кунад. Зиёда аз ин, дар хона 2 тифли хурду падари пираш бистарианд. Дар ҷавоб наҳзатиҳои ташнаи хун ҳам маро ва ҳам Тағоеви ҷароҳат бардоштаро бераҳмона шатакорӣ намуданд. Ба дарди ҷароҳати бардошта ва аз зарби лату куби бераҳмона Абдуназар Тағоев тоб наовард ва роҳи халосиро дар фирор кардан диду, якбора гурехт.. Ҳамагӣ 10-15 қадам роҳ нарафта буд, ки хунхорони  наҳзатӣ ӯро аз пушт парронданд. Тағоев дар ҷояш вой гуфту, ҷон дод. Ҳамон қотили хунхор болои сари Тағоев рафта ҷасади беҷони ӯро дашном дода, зиёда аз 20-30 лағади дигар ба сару рӯи мурда зад. Сипас, бо автомат якчанд тири дигар ба ҷасади аллакай ҷон ба ҷаббор супурдаи Абдуназар холӣ карду, пояшро болои ӯ гузошт. Файзиддин Насуров бошад лаҳзаи андармон шудани қотилонро истифода бурду  бо сару даҳони хунолуд тавонист гурезад. Дастони маро бошад паси пушт карда бо сим маҳкам бастанд ва тахминан бист дақиқа мурданивор заданд. Баъди беҳол гаштанам чашмонамро бо латаи сиёҳ бастанду ба асорат бурданд.

     – Баъд чи шуд? Ба куҷо бурданд ва чи рузҳоеро аз сар гузарондед?

     Ман ва тахминан 18-20 нафари комилан бегуноҳи роҳгузарро, ки дар назди ҳамон купруки шуъбаи дуюм гаравгон гирифта буданд бо дастону чашмони баста ба мошинҳо савор карда ба самти номаълум бурданд. Тахминан ним соати роҳпаймоӣ мошинҳоро қарор дода, моро фароварданд ва дар як хоначаи бисёр танг, ки ҳавояш бе ниҳоят гарм буд, маҳкам карданд. Баъд чашмонамонро кушоданду дастонамон паси пушт бо сим бастагӣ боқӣ монд. Ҳамон лаҳза рӯзи сиёҳи мо сар шуд.. Аз субҳ то шом, аз шом то саҳар мезаданду мекуфтанд. Фашист шояд ҳамин гуна ҷабру ситам намекард.. Бениҳоят азобу шиканҷа медоданд. Наҳзатиҳои қотилу хунхор 6-7 нафарӣ, бо навбат даромада бо мушту лағад, бо калтаку ва бо ҳар чизи сахт  моро мезаданд. Аз зарби лату куб ҳамқисматони бо манбуда чунон гиряву зорӣ мекарданд, ки дили санг об мешуд. Азобу уқубати худам як дард, вале азоби ҷонкоҳи дигарон диламро афгор карда буд… Аз сузиши ҷон яке «вой очаҷон» мегуфту дигаре «вой худоҷон».. Аз шиканҷаи беохир ва шаттакориҳои бераҳмона 4-5 нафар ҷавони аз сад гул як гулашон ношукуфта ҷон бохтанд…

     Чун шаб рӯз шуд моро берун бароварда қатор карданд дидам, ки аз зарби лату куби бераҳмонаи наҳзатиҳо якеро сар кафида, дигареро даст ё пояш шикаста, савумиро сару руяш ба ҳадди ношинохтанӣ варам карда буд. Хулоса, дар бадани ҳар кадоме ҷароҳатҳои вазнин дида мешуд. Чун ба берун баромадем, дарк кардам, ки мо дар клуби деҳаи Ворошилови н.Бохтар қарор дорем. Дар ин муддат хешу таборони нафарони  дар гаравгонбуда бо ҳар роҳу восита:  яке бо додани пули калон, дигаре бо пайдо кардани шахсони шинос дар байни наҳзатиҳо, хулоса ҳар касе аз руи имкониятҳои худ 8 нафарро раҳо карданд. Мо 6 нафар ва ҷасади 5 шахси фавтида дар ҳамонҷо мондем. Баъди чанде як муллои девсират дар иҳотаи 6 нафар силоҳбадаст вориди ҳавлии клуб шуд ва ҳамаи наҳзатиҳои онҷобуда саросема ба пешвози ӯ давиданд. Баъди «зиёрат»-и он шахс, масъулони «зиндон» ба ҷасади фавтидагон ишора карда, аз он «шайх» пурсон шуданд, ки «ҳазрат, мурдаҳоро чӣ кор кунем»?  Дар ҷавоб он «ҳазрат» бо овози паст амр дод, ки «ҷасадҳоро бурда нобуд кунед». Сипас бо овоз баланд таъкид намуд, ки «ҳазрати калонӣ» аз шумо умеди калон дорад ва шумо аз худ мардонагӣ нишод дода фармонҳои Ӯро алайҳи «кофарон» содиқона иҷро намоед. Баъд, назди мо омада ҳар яки моро ба тафсил, аз куҷову чӣ кора то аз кадом авлод буданамон пурсон шуд. Баъди пурсупоси зиёд 5 нафари ҳамқисматони маро бо худ гирфтанду гуфтанд, ки ин «малъунҳоро мо ба ҳаммом мебарем» ва ба ман ишора карда амр дод, ки «ин сагро дар ҳаминҷо нигоҳ доред». Аз «ҳазрати калон» гуфтани он шахси ситорахунук пай бурдам, ки ӯ Саид  Абдуллои Нуриро дар назар дорад. Ҳамин тариқ ман ҳафт шабонарӯз дар клуби деҳаи Ворошилов, дар дасти наҳзатиҳои хунхор дар асорат боқӣ мондам.

     – Аз рӯи нақлатон он муллои «қассоб»  номи Саид Абдуллои Нуриро ба забон наовард ва танҳо ибораи «ҳазрати калон»-ро истифода бурд. Пас Шумо бо кадом далел гуфта метавонед, ки он нафар маҳз Саид Абдуллои Нуриро дар назар дошт?

Ҳама медонист, ки роҳбари асосии наҳзатиҳо С.А.Нурӣ буд ва ба касе ғайр аз ӯ то ин дараҷа «эҳтиром» намегузоштанд. Танҳо ӯ фармони қатл карданро медод ва амр содир мекард. Ҳатто дар сабти видеоие, ки тариқи телевизиони ҳамонвақта намоиш дода шуда буд, Абдулло Нурӣ миёни пайравону ҷонибдорони худ баромад карда, онҳоро ба ҷанг даъват мекард ва мегуфт, ки «агар Шумо тирро қаҷ парронед ҳам, малоикаҳо онро рост бурда дар синаи кулобиҳои кофир мерасонанд».

     Ёд дорам, ки баъди ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999  Саид Абдуллои Нурӣ барои аёдати хешу табораш ба собиқ совхози Туркманистон ташриф овард. Дар қатори дигарон ҳамон шахси «ҳазрати калон» гуфтагӣ дар бари ӯ қарор дошт ва ман ҳамчун муовини сардори ШКД- и ноҳия масъули таъмини тартиботу амнияти он сафар будам он шахсро дида дарҳол шинохтамаш. Дар ҳаминҷо қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми ба деҳа ворид гаштани Саид Абдуллои Нурӣ пайравону наздиконаш ӯро бо садоҳои баланд бо як овоз «Алоҳ Акбар, Устод Нурӣ роҳбар!» гуфта пешвоз мегирифтанд, ки тақлид ба роҳбарони инқилоби исломии Эрон буд..

     – Барои саволи ноҷо узр мепурсам. Гуфтед, ки ҳамқисматони Шумо аз дарди зарбу лат яке зикри номи Худову дигарӣ номи Модарро мекард. Шумо чи садо мебаровардед?

     Рости гап аз зарби лату куби зиёд одам ҳиссиёташро гум мекардааст. Ман, ки ҳангоми дастгир шуданам зери лату куби шадид ва бераҳмона қарор гирифта будам, ҳиссиётамро аллакай гум карда будам. Аз ҳамин сабаб дигар дардро ҳис намекардам ва умеди зинда монданам ҳам набуд.. тамоми узви баданам осеб дида буд. Аз лабу даҳон, аз гушу бинӣ, ҳатто аз қафоям хун мерафт. Узвҳои даруниям низ кафида буданд.. Вақти шиканҷа диданам танҳо аҳли оилаам пеши назарам буд.. Фикр мекардам, ки баъди ман ҳоли кӯдакону модари пирам чӣ мешуда бошад… аммо ҳамеша дар забону даҳонам номи поки Парвардигор буд…

     – Шумо дар он зиндони даҳшатовари наҳзатиҳо ҳафт шабонарӯз боқӣ мондед. Дар ин муддат чи рузҳоро паси сар кардед ва чи гуна аз дасти он қотилони ваҳшӣ раҳоӣ ёфтед?

     Он замон барои онҳо одамкушӣ мисли як «нақшаи пахта» шуда буд, ки бояд ҳар кадоме дар ин кор натиҷа дошта бошад. Ҳама аз паси шикор буданд. Моро бо навбат 4-5 нафарӣ посбонӣ мекарданд. Нафаре миёни онҳо пайдо намешуд, ки моро назанад ва ё аққалан раҳм кунад. Аз задани бисёр ҷоғи поён ва даҳону ҳарду дастам аз китф шикаста буданд. Ҳатто обро озодона ва бе мамониат нӯшида наметавонистам. Вале ба ҳамаи он азобҳо нигоҳ накарда, ягона чизе, ки маро ба раҳо гаштан умедвор мекард ин ба «ҳаммоми Туркманистон» интиқол нагаштанам буд. Зеро 1 нафар посбон ба ман фаҳмонд, ки «бахтат баландӣ карду туро ба ҳаммом набурданд, вагарна очаи зората дар чашмат медидӣ». Ана ҳамин сухан каме дар дилам шуълаи умедро фурӯзон кард. Баъди ҳафт шабонарӯзи дар гаравгон буданам бародару хешу таборҳо баъди даву тозҳои зиёд аз байни наҳзатиҳо шинос пайдо карда, маро раҳо карданд.

     – Баъди раҳо гаштани Шумо аз гаравгонӣ чунин ҳолатҳо хотима ёфтанд ё баръакс идома дошт?

     Ба фикри ман мо аввалин гаравгонҳое будем, ки ба дасти наҳзатиҳои аждаҳои аҳримансиришт афтода будем. Ҳамагӣ баъди як рӯзи раҳоӣ ёфтани ман боз силоҳбадастони ҲНИТ ба шуъбаи дуюми ҷ/ш Кирови н.Вахш зада даромада, 26-нафар шахсони комилан бегуноҳро аз қади роҳу аз заминҳои киштзор дастгир карда бурданд, ки аз миёни онҳо ҳамагӣ 3 нафар бо амри тасодуф зинда баргаштанду боқимонда 23-нафар баъди азобу уқубати зиёд бераҳмонаву дастаҷамъона ба қатл расонида шуданд.

     Ягон қавми одамизод, фикр мекунам, бо ҳаммилати худ, ҳамхуну бародари худ, ҳамсояву хешу табори худ чунин муносибат накардааст, ки наҳзатиҳо!!! Баъди ин гуна даҳшати гушношунид, ман чунин бераҳмиву безотиро танҳо дар амалҳои «диишиён» дидам, ки фикр мекунам муаллими онҳо наҳзатиҳои тоҷик мебошанд. Зеро, агар барои оламиён «Проекти ДИИШ» хунхортанин, разилтарин лоиҳаи ҷанг бошад, барои ман шахсан «навоварӣ» набуд. Зеро чунин мусибат ва чунин қазия бар сари мани тоҷик аллакай 27 сол пеш омада буд. Ва ин даҳшатро бар сари ман бародари ман, ҳамқишлоқии ман, ҳамқисмати ман, хеши ман, тоҷики ман оварда буд. Ҳамоне, ки ман рӯзи тую сураш хизмат мекардам, мерақсидам, хурсандӣ мекардам, ҳамоне, ки дар марги падару бобояш ғамгин будам, чуби тобуташро медоштам ва зор мегиристам… ҳамоне, ки ман хоҳарамро ба ӯ издивоҷ карда, хоҳари ӯро келин карда будам.… (ин ҷо оби дидаи акои Ҳабибулло беихтиёр ҷорӣ шуду, анбӯҳи ғам дар гулӯяш дармонда буд)

     – Муҳтарам акои Ҳабибулло, барои суҳбати таъсирбахш ташаккур. Бешубҳа ин саргузашти талх барои дигарон дарси ҳаёт аст. Ин қисса моро водор месозад, ки боз ҳам ҳушёру заккӣ бошем, дубора ба чоҳ наафтем, дустро аз душман фарқ кунем, фирефтаи дасисаву таблиғоти хоинон нашавем. Бигзор  ҳеҷ кас он рӯзҳои шумро набинанд. 

     Ба Шумо низ ташаккур. Бигзор ин гуфтаҳо малоли хотири касе нашавад, зеро ин ҳақиқат буд. Ҳарчанд, пешвои муаззам аз ҳама гуноҳҳо гузаштаанд, лек баъзе нохалафон инро нодида мегиранд, ин сулҳи нотакрору бемисли моро пеши по мезананд. Инак, ки зарурияти ин огоҳсозиҳо пеш омадааст, барои худ қарз шуморидам, ки ин дарди ниҳони худро расонаӣ кунам. Бигзор ҳамагон, махсусан насли ҷавони тоҷик инро бидонад. Инро ман бояд мегуфтам, зеро:

     Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

     Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст…