ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ ҲАР ЯК СОКИНИ НОҲИЯ

Хабарҳо

     Баҳри амалӣ гардидани супоришу дастурҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз шароити мусоиди обу ҳавои имсола истифода бурда, ба ободонии гирду атрофи корхона ва маркази ноҳия камари ҳиммат бастанд.

     Бо супориши раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Раҳматулло дар ду тарафи шоҳроҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа, ки аз маркази шаҳраки Обикиик мегузарад, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо оғоз гардид.

     Дар ин самт кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ, беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ (КАТС),  Муассисаи давлатии идораи роҳсозӣ, шуъбаи маориф ва бахши фарҳанги ноҳия саҳми босазо гузошта истодаанд.

     Тозаву озода нигоҳ доштану шинондани дарахту гулу гулбуттаҳо гарави саломатист.

     Маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.