ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Хабарҳо

     7 марти соли ҷорӣ дар кохи фарҳанги ноҳияи Хуросон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокдорон нахуст аз растаи ҳунарҳои миллӣ ва маҳсули дастранҷи занону модарон ва аҳли ҳунари ноҳия, ки ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуданд.

     Раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода кулли занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта, зикр сохт, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.

     Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад.

     Инчунин, ба як қатор бонувону занони пешсафи собиқадори ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

     Дар охири чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки бахши фарҳанги ноҳия барои болидахотирии ҳозирин пешниҳод карда шуд.