Мавзуи нооромии ҷомеаи башарӣ, махсусан олами ислом, ки доғи рӯз аст, аҳли равшанфикронро новобаста ба миллату динашон ба ташвишу изтироб овардааст, ки марбут ба ин мавзуъ Саъдии бузургвор фармудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор,
Ту, ки аз меҳнати дигарон бе ғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Бале шоир дуруст фармудааст, ки мо бояд инсонҳо ҳолати якдигарро эҳсос кунему мушкилотҳои рӯзро дарк намоем. Ва танҳо ҷомеа дар ҳоле пеш меравад, ки қадри ҳамдигарро бидонему якдигарро эҳтиром намоем. Дар китоби илоҳи «Қӯръони Маҷид» ин мазмун хело равшан баён гардидааст.
Қолаллоҳу таъало: «Ва ман яқтул муъминан мутаъаммидан фа ҷазоуҳу ҷаҳаннаму холидан фиҳо ва ғазибаллоҳу алайҳи ва лаъанаҳу ва аъада лаҳу азобан азимо” яъне, “Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дузах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”. Биёед ба ин оят таваҷҷуҳи зеҳнӣ, ақлӣ ва эътиқодӣ намуда, хулосаи солим ва саҳеҳи худро нисбати воқеаҳои даҳшатбори имрӯзаи мамолики исломӣ, ки аксарияти онҳо дар вартаи тафриқа қарор доранд ва маҳз ин бало, яъне куштори мусалмон аз тарафи мусалмони дигар ба амал меояд, хело ҷои таассуф аст. Аз ду ҷониби муқобил бо садои «Аллоҳу акбар» ба тарафи якдигар оташ мекушоянд, магар ин оини мусулмонист ҳоло онки мусалмон бояд бародари мусалмон бошаду дастгиру мададгори якдигар. Оё ин тоифа аз ҳукми ояти зикршуда, огоҳӣ доранд? Ва агар ҳа, чаро ба ин корҳо даст мезананд. Ё ба ҳукми Худованд бовар надоранд, ки барои ин кушторашон азоби абадӣ насибашон аст?!
Мо агар оиди ин мавзуъ муроҷиат ба аҳодиси набавӣ кунем чи хулоса мебарорем? Дар саҳеҳайн аз Ибни Масъуд (р) чунин омадааст, ки Ҳабиби Худо (с) фармудаанд: «Рӯзи қиёмат аввалин ҳукми файсалае, ки байни мардум мешавад масъалаи хунрезист, (ки хуни ноҳақ резонидаанд). Инчунин, дар ҳадисе омадааст, ки аз байн рафтани дунё дар назди Аллоҳ (Ҷ) осонтару кучактар аст аз куштани як фарди мусалмон. Боз дар ҳадиси дигар ҳабиби Худо (с) мефармояд: «Агар касе барои куштани як мусалмон ҳатто як калима ҳам бошад ёрӣ диҳад, чун рӯзи қиёмат бармехезад байни ду чашми ӯ, яъне дар пешонаи ӯ чунин навишта шудааст: «ин шахс аз раҳмати Худо ноумед аст». Ва дар ҳадиси дигар омада ки: «Агар дар қатли шахси мусалмоне аҳли осмону замин ҷамъ шаванд ва ба ноҳақ хуни ӯро резанд ҳамаи онҳо бо рӯйҳояшон ба оташи дузах андохта мешаванд (Ибни Кассир).
Ин ҳадисҳои ибратангез дар тақвияти ояти зикршуда буд. Имрӯз мо метавонем бигуем шахсоне, ки сабаби низоъ ва куштор мегарданд, агар аз ин фармудаи Аллоҳ ва иршоди ҳабиби Худо (с) огаҳанд, вой бар ҳолашон. Ва агар огоҳ нестанду ҷоҳиланд бояд мардум аз пайи онҳо нараванд. Ва ақли Худододро ба кор гиранд. Ҷои нигаронӣ аст, ки ҳамарӯза тавассути расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар фалон минтақае гуруҳе аз занҳо ё гуруҳе аз кӯдакон ба қатл расонида шуд…
Ҷавоби ин хунрезиҳоро дар ин дунёву охират, ки медиҳад?! Албатта беҷавоб нахоҳад монд. Назди Худованд ҳар як амали мо сабт мешаваду ҷавобгарӣ дорад.
Чаро ҳануз ҳам мардуми мусалмон фирефтаи ҳар гуна фитнаҳо ва дасисаҳо мегарданд. Сад афсус, ки гуруҳҳои ифротгаро қисме аз фарзандони миллати моро бо ҳар усулу восита фирефта намудаву гумроҳ сохтаанд. Пайи амалҳое онҳоро роҳбалад шуданд, ки ҳама даҳшат аст. Онҳо дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳгум задаву аз неъматҳои бузурги ватани хеш бехабар мондаанд. Фаромӯш кардаанд, ки беҳтарин неъмат ин сулҳу суботи кишварамон буда, бадин васила марҳила ба марҳила ҷомеаи тозабунёдамон рушд менамояду дину мазҳаби аслиамон, расму оинҳои миллиамон дар партави сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора мукаммал гардидаву эҳё мешавад. Хушбахт нафарест, ки гузаштаро ба некӣ ёд меовараду имрӯзаро шукрона карда, ба ояндаи дурахшон умед мебандад. Пас, моро лозим аст аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ватан ёдовар шуда, оромии имрӯзу фардои кишварро шукрона кунем ва итиминон дошта бошем, ки оянда низ дар заминаи сиёсати хирдандонаи Пешвои миллат зиндагии ободу осоишта насиби мост. Шукрона кунем, ки сарвари давлатамон тамоми ҳастиашро барои сулҳу суботи кишварамон бахшидаву баҳри устувории ваҳдату оромии кишвар бо тавваҷҷуҳи хоса дастуру супоришҳои судманд медиҳанд. Сулҳ ва оромиро Худованд беҳтарин неъмат эълон намудааст: «Ассулҳу хайрун». Воқеъан сулҳ хайр аст, баракати зиндагист, расидан ба қуллаҳои орзуҳои нек аст. Ва ин сулҳро, ки атои Худованд аст, моро муяссар шудаву бо самими қалб эҳсоси фараҳмандӣ мекунем, ки ватани мо тинҷу ором аст. Сулҳу ваҳдат танинандоз буда, ҷомеъаи мо зина ба зина рушд мекунад. Аз ин ру мардуми кишварро хосса ҷавононро лозим аст, бо истифода аз ин неъмат ҳарчи зиёдтар ба донишу ҳунар руй оварда барои ободии кишварамон тавассути омӯзиши касбу ҳунарҳои мухталиф мусоидат намоянд. Муҳимтар аз ҳама зиракии сиёсии хешро аз даст надода дар раванди бархурди ҷаҳонишавии давлатҳо бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ сиёсати Пешвои миллатро дастгирӣ намоянд, ки ин аст оини Ватандорӣ.
Дар раванди рушди дину мазҳабамон, ки дар партави Ислом Мазҳаби Имоми Аъзам дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост бисёр пешравиҳо ба вуқуъ пайваст. Имрӯз мо эҳтиёҷ ба гуруҳу ҳизбҳои ғаразнок надорем. Ва дар мавриди омӯзиши масоили диниву мазҳабиамон низ ба ходимони хориҷа ҳеч ниёз надорем. Балки дастпарварони Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходимони дин дар кишвар масъуланд, ки аз инҳо бояд истифода бурд. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи нороҳатиҳо ва низоъҳо аз бисёрии гуруҳҳои ғайр ба вуқӯъ мепайвандад. Ва сарчашмаи низоъҳо фитна мебошад ва дар “Қӯръони Маҷид” Худованд мефармояд: «Алфитнату ашадду минал қатли» яъне фитна ангехтан бадтар аст аз қатл кардан. Ҳамаи мо масъулем, ки пеши роҳи амалҳои номатлубро бигирем ва ба фитна ва тафриқа роҳ надиҳем. Чуноне, ки сарвари кишварамон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд: «Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем», ки ин ҳама барои манфиати имрӯзу ояндаи ватани азизамон мебошад.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон Намозов Искандар