СИМОИ АСЛИИ  “ОЗОДАНДЕШОН”-И ХОИН

Хабарҳо

     Маводҳои муғризонаи баъзан гуруҳҳои ва ашхоси бо ном “озодандеш”-ро, ки зери таъсири хоҷагони хориҷӣ қарор гирифтаанд, хонда, дар ин росто ҳимоя аз манфиатҳои миллиро вазифаи виҷдонии худ донистам.

     Дар ин росто мехоҳам вобаста баёнияи анҷумани бо ном озодандешони тоҷик фикру мулоҳизаҳои худро баён намоям. Дар баёния омадааст, ки «Мо, ҷамъе аз фаъолони тоҷик, бо дарки амиқи буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва фасоди густардаи идорӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ, ки бар фазои ҷомеаи мо соя афканда боиси эҷоди хушунат ва бадбини дар тамоми сатҳҳо гардида, якпорчагии миллат тамомияти арзи истиқлолияти давлатдории Тоҷикистон ва саботи минтақаро таҳдид мекунад, таъсиси Анҷумани Озодандешони Тоҷикро эълон медорем”.

     Ин “озодандешон”-и дур аз андешаи солим кадом буҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар назар доранд, дар ҳоле, ки дар соли 2017 нишондиҳандаи макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7% ва ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба шаст миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30% афзоиш ёфта, то ба ҳаштоду миллиард сомони расонида мешавад. Маҷмуи маҳсулоти дохили ба ҳар як нафар аҳоли нисбат ба соли гузашта 12% ва дар муқоиса ба нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8% зиёд гардида, даромади пулии аҳоли 10% афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти милли аз ҷумла саноат 21,5%, кишоварзӣ 7,2% маблағгузори ба сармояи асосӣ беш аз 6%, савдои чакана 6,6% ва хизматрасони пулаки 1,8% таъмин гардида таваррум дар сатҳи 6,3% нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ дар маҷмуъ иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 бо маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017 ум 7,3% зиёд муаян гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила тамин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои ру ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастраси ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсони ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54- умро соҳиб шудааст. Аз руи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Дар баёнияи анҷумани озодандешон оиди ноадолатиҳои иҷтимоӣ гуфта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҷаҳони муосир таҳлили рейтингҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ падидаи маълум буда дар ин раванд, ки муқоиса омили меҳварист, беҳтаринҳо муайян ва баҳогузори мешаванд. Муҳимтар аз ҳама хулосаи ин ташкилотҳо деғаразона буда, дар заминаи омузиши аниқу ҳамаҷониба рӯи кор меоянд. Пешрафти иҷтимоии Тоҷикистонро ташкилоти байналмилалии social progress imperative (UMA) эътироф кардааст. Дар индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимои (social progress index, spl) аз 100 холи имконпазир 58,87 хол гирифта ҷойи 92 юмро ишғол намуд, ки ин нисбат ба кишварҳои  Осиё мисли Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон, Яман беҳтар мебошад. Созмони муътабари  британии «Институт Legatum» рейтинги кишварҳои олам дар робита ба шукуфои гузаронида шуд. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистони бошад, ки дар он Ҷумҳурии  Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд. Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш аз ҷониби созмонҳои бонуфуз шаҳри Душанбе дар қатори пойтахти кишварҳои мутамаддин амнтарин шаҳри сайёра эътироф гардид. Наход, ки озодандешони тоҷик эътирофи ҳамаи комёбиҳои Тоҷикистонро надидаву нашунида бошанд, дар ҳоле, ки комёбиҳои моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф кардаанд.

     Мардуми шарифи тоҷик дар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 26 соли истиқлолият, ки чандон тулонӣ нест ба дастовардҳои арзанда ноил шуданд.

     Дигар ин “озодандешон” аз кадом “буҳрони амиқ” ҳарф мезананд, худашон ҳам шояд надонанд. Аммо як чизро аниқ медонанд, ки хиёнаткорону ватанфурушоне мисли онҳо дар ҳақиқат дар буҳрони амиқи иқтисодиву сиёсӣ қарор гирифтаанд. Зеро, тавре мугӯянд, “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад”. Ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд, ҳатто агар худро “озодандеш” ҳам ном баранд. Воқеан, айнан мисли онҳо шайтон ҳам гуноҳи кабираи худро “озодандешӣ” унвон мекард, пас фарқ миёни ину он чист? Хоҷаву устоди аслии инҳо шайтонҳо ҳастанд ва пайваста таҳти васвоси онҳо қарор гирифта, ягон пешравиро дида наметавонанд.