Фитнаи навбати наҳзатиён

Хабарҳо

Изҳороти ӯзбекони Тоҷикистон дар бораи баромади
Нуриддин Ризои дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава

Баромади Нуриддин Ризои дар ҷаласаи солонаи САҲА дар бораи онки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дигар миллатҳо поймол мегарданд, мактабҳои ӯзбекӣ, қирғизи, туркмани баста шудаанд ва онҳо имконияти ба забони модарӣ таҳсил карданро надоранд, нафрати шаҳрвандро нисбат ба ин тоифаи шахсон боз ҳам зиёд мекунад.
Ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон дар хотир надорад, ки дар 27 соли Истиқлолият нисбат ба ӯзбекон, қирғизҳо ва дигар халқҳои Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумат ё шахсони алоҳида фишор шуда бошад.
Суханҳои ин ХОИН дар бораи баста шудани мактабҳои ӯзбекӣ, қирғизи, туркмани ва ғайра дуруғ ва туҳмат аст. Баракс барои бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани мактабҳои ӯзбекӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф аҳамияти махсус медиҳад. Чунин муносибат аз солҳои аввали истиқлолият роҳандозӣ гардида, ҳамагон шоҳиди он мебошем. То соли 1990 мактабҳои ӯзбекии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маорифи Ӯзбекистон бо китобҳои дарсӣ таъмин карда мешуданд. Баъди истиқлолият ва ба алифбои лотинӣ гузаштани Ӯзбекистон зиёиён, олимон ва мутахассисони забон ва адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон нашри китобҳои дарсиро барои мактабҳои ӯзбекӣ роҳандозӣ намуданд.
Омӯзгорони филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд профессор Абдусалом Абдуқодиров, дотсентҳо Эрали Шералиев, Сулаймон Эрматов ва даҳҳо дигарон аз уҳдаи ин кор баромада, барои мактабҳои ӯзбекӣ китобҳои гуногуни дарсӣ офариданд.
Дар шароити имрӯза, агар мисол биёрем танҳо дар соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ наздики 40% омӯзгорон мутахассисони забон ва адабиёти ӯзбек мебошанд.
Дар ноҳияи Ҷиликул чанд сол қабл барои туркманҳо бо иштироки Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби замонави бунёд гардидааст, ки таълим дар он ба забони туркмани мебошад. Инро касе, аз ҷумла Нуриддин Ризои инкор карда наметавонад, агар босавоб ва дар ҷараёни корҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат бошад. Вале суханронии ин нодон онро нишод медихад, ки ӯ ба ғайр аз гуфтаҳои Кабири ва хоҷагони хориҷии ӯ дигар аз чизе хабар надорад.
Муносибат ба қирғизҳо низ дар Тоҷикистон чунин аст. Сафари Президенти ҶТ Э.Раҳмон ба вилояти Бадахшон, аз ҷумла ба ноҳияи Мурғоб исботи ин гуфтаҳост.
Пешвои миллат сардиии ҳаво ва монеаҳои дигари техникӣ нигоҳ накарда, дар ин ноҳия як қатор иншоотҳои аҳамиятӣ давлатиро, аз ҷумл Неругоҳи барқӣ-обии «Тоҷикистон» ба истифода супориданд. Магар ин ғамхори ба миллатҳои дигар нест? Дар ин бора финтаангез Нуриддин Ризои чи мегуфта бошад?
Ба саҳми нодонҳо ба монанди Нуриддин Ризои расонида мешавад, ки дар Тоҷикистон нашрияи Ҳукуматии «Халқ овози», газетаҳои вилоятӣ «Дўстлик» дар вилояти Хатлон, «Суғд ҳақиқати», маҷаллаҳои «Ҳак сўз», «Қадрият», «Шарқнома», рӯзномаи хусусии «Замон», «Ўқувчилар газетаси», «Кичкинтой» мунтазам нашр мешаванд. Чанд рӯз қабл дар вилояти Хатлон рӯзномаи «Элчи» фаъолияти ба роҳ мондааст.
Дар шароити имрӯза Тоҷикистону Ӯзбекистон шарикони стратегӣ эълон шуда, роҳбарони ҳарду кишвар барои рушди муносибатҳои дӯстӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ғайра кӯшишу талошҳо карда истодаанд. Душманони миллати тоҷик, аз ҷумла ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, гурӯҳи 24 ва ба монанди онҳо, ки муқобили пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд, амалҳои иғвогаронаи худро ба роҳ монда, мехоҳанд ба ин дӯстӣ рахна андозанд.
Мардуми азизи Тоҷикистон, аз ҷумла ӯзбекони ин кишвар ҳама вақт ҷонибдори Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, тарафдори сиёсати одилонаи Пешвои миллат – Президенти ҶТ Э.Раҳмон буданд ва мемонанд