Тоҷикистони ободу пешрафта – ормони ӽамаи тоҷикони дунёст

Хабарҳо

Агар бигӯем, ки мо тоҷикони бурунмарзӣ сарзамини Тоҷикистонро аз ӽамзабонони он ҷо зиндагӣ мекардаамон бештар дӯст медорем, фикр мекунем дар ин фармуда иғроқу муболиға нахоӽад буд.


Таври маълум, дар айёми нахустини истиқлолияти худ, дар шурӯъи бунёди пояӽои давлатдорӣ, сарзамини Тоҷикистон ба як қатор мушкилоту вазниниӽо дучор омад. Он замон бешаку шубӽа мардуми ҷумӽурии тозаистиқлоли Тоҷикистон гирифтори садӽо бадбахтиву сарсониӽо гаштанд. Дар баробари онӽо тоҷикони дар дигар малакатӽо буда низ ин ранҷу машаққатро дар пӯсту гӯшти худ эӽсос намуда буданд. Ёд дорем, ки ӽамаи мо тоҷикони Қирғизистон низ парешонӽолу музтариб шуда ва барои сарнавишти Тоҷикистон ва сокинонаш ғӯсса мехӯрдем.
Шукри Парвардигор, ки дар ӽамон айёми сарнавиштсоз шахсияти беназире чун Эмомалӣ Раӽмон ба арсаи сиёсати кишвар омаданд ва чун боди мурод киштии раӽгумзадаро ба сӯи диёри наҷот раӽнамун сохт. Инак, Тоҷикистони азизи ӽамаи мо таӽти сарварии Пешвои миллат, сарвари тоҷикони дунё муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба тарафи рушду тараққӣ,ваӽдату бунёдкории саросарӣ бо сарфарозӣ қадам мегузорад. Акнун мо тоҷикони Қирғизистон бо ифтихору сарбаландӣ ба ин равандӽои ободгарӣ дар ватани таърихиамон нигариста ва бо садои баланд изӽор медорем, ки тоҷикем ва ворисони арзандаи Рӯдакиву Фирдавсӣ,Хайёму Мавлоно,Ҷомиву Биноӣ,Айниву Турсунзода мебошем. Аз ин хотир, мо – фаъолони Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, Созмони донишҷӯёни тоҷики ба номи «Оли Сомон»-и шаӽри Бишкек ва ӽамаи ӽамзабонон ба ин ақида устувор ӽастем,ки вазифаи ӽар фарди солимақл, новобаста аз он, ки дар куҷо қарор дорад, ӽифзу нигаӽдории равандӽои сулӽу бунёдкории Тоҷикистон ба ӽисоб меравад. Бо таасуфи зиёд хабардор мешавем, ки ин шабу рӯз баъзе ӽизбу ӽаракатӽои мавҷуд ва афроди алоӽида ӽамаи дастовардӽои даврони истиқлолияти Тоҷикистонро нодида гирифтан мехоӽанд, ки як амри хато ва нобахшиданист. Ӽоло онӽо дар кишварӽои Аврупо барои худ сарпаноӽ сохтани шуда, нисбати Ватан ва роӽбариятиТоҷикистон дурӯғпароганӣ менамоянд. Агар ба дидаи ақл ва мантиқ назар созем мебинем, ки ин ӽама ба чуз дасисаю лоф ва заӽролуд кардани мафкураи инсонӽо дигар чизе нест. Иштирок ва суханронии аъзои ТЭТ ӼНИТ ва дигар ӽаммаслаконашон дар кори ҷаласаи САӼА дар шаӽри Варшава- пойтахти Полша, ки ин шабу рӯз идома дорад, ба сароӽат нишон медиӽад, ки ободиву ваӽдати саросарии тоҷикон мақсади онӽо нест, балки бо ин аъмолашон мехоӽанд Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказиро ба гирдоби бесуботиву нороромиӽо бикашанд. Сарвари тоҷикони дунё борӽо бо ишора ба вазъи фалокатбори як қатор кишварӽои мусулмонӣ ва бахусус ташаннуҷи авзои сиёсӣ ва низомии кишвари ӽамсояи Афғонистон, мардумро ба ӽифзи сулӽу суббот даъват менамоянд ва ин сиёсати хирадмандонаи муӽтарам Эмомали Раӽмон ҷавобгӯи ормон ва манфиатӽои ӽамаи мардумони сарзамини паӽновари минтақаамон мебошад.
Бо изӽори боварии комил метавонем гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз дастовардӽои соӽибистиқлолии кишварашон ӽимоят намуда ва сулӽу ваӽдатро чун гавӽараки чашм муӽофизат хоӽанд кард.

Равшанбек Собиров
Раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон
ба номи устод Рӯдакӣ

Куканшо Куканшоев
Раиси созмони донишҷӯёни тоҷик
ба номи «Оли Сомон» дар Бишкек.
Бишкек,Қирғизистон 14 сентябри с.2018