Рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ дар Кохи Хуросон бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони забони давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо Конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Дар Конференсия омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик дар бораи зиндагинома ва эчодиёти шоир баромад намуданд. Инчунин хонандагони муассисаҳои таълимии №10 аз ғазалиёти шоир, хонандагони муассисаи № 1 қироати рубоиёти шоир ва муассисаи таълимии № 8 китобҳои «Девони шоир», «Маҷлиси саъба», «Мактубот», «Фихӣ мо фихӣ»- ро ба саҳна бароварда, шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир барномаи тайёрнамудаи бахши фарҳанги ноҳия таъби иштирокчиёнро болида намуд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – Ҳалимаи Тағойназар