Кушодашавии ду майдончаи варзишӣ

Хабарҳо

     Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва кушодашавии як адад варзишгоҳи марказӣ бо ду майдончаи варзишӣ багузор гардид.
     Дар чорабинии мазкур иштирокдорон нахуст аз растаи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастранҷи занону модарон ва аҳли ҳунари ноҳия, ки ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуданд.

     Рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бахусус тарғиби он дар байни наврасону ҷавонон дар мадди назари давлат қарор дошта, сол аз сол дар ҷалби оммаи васеи халқ ба варзиш ва дар баланд бардоштани маҳорату истеъдоди варзишгарон тадбирҳо андешида мешаванд. Ин иқдоми ватандӯстонаи Сарвари давлатро соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ намуда, имрӯз бунёди як адад варзишгоҳи марказӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ бо ду майдончаи варзишӣ бо харҷи беш аз 470 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шуда, айни ҳол таъмири майдони варзишӣ ба маблағи 35 600 сомонӣ идома дошта, сохтмони як адад ҳаммоми замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
     Раиси ноҳия ба соҳибкори ватанӣ Қурбонов Умар ва сохтмончиёне, ки дар он саҳмгузор буданд, миннатдорӣ худро баён намуд.
     Бо дарназардошти ин, дар муддати беш аз 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳо рушди варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, ба хотири оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи варзишгарони ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
     Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида, соҳиби 17 медал, аз ҷумла 9 медали тилло , 4 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.
     Дар анҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаҳои консертии худ дили ҳозиринро шод гардониданд.