Дар чорсӯи зиндагӣ – суҳбати сари роҳ

Хабарҳо

     Рӯзи истироҳат бо мақсади аёдати шиноси деринаам, ки дар осоишгоҳи машҳури «Баҳористон» истироҳат мекард, озими роҳ шудам. Дар қабулгоҳ гуфтанд, ки дӯсти ман дар бинои 3-юми осоишгоҳ мебошад. Ба дохили бино даромадам, ки навбатдори бино – духтари зебои ситорагарме маро истиқбол намуд.
– Чи хизмат, ако? – гуён ба ман муроҷиат намуд. Ман номи дӯстамро ба забон гирифтам. Духтараки навбатдор аз монитори компютераш зуд манзили истиқоматии дӯстамро пайдо карда, гуфт: – Ба ошёнаи панҷум бароед, дӯстатон дар ҳамон ҷост.

     Ман аз лифт парҳез карда, оҳиста-оҳиста тавассути зинапоя ба ошёнаи панљум баромадам. Дари ҳуљраи дўстамро кўфтам. Касе љавоб надод. «Шояд ба берун баромадагист» фикр кардам ва ба тарафи толори истироҳатӣ равон гаштам. Дар толори дамгирӣ ду нафар бону бо ҳам гарму љўшон суҳбат доштанд. Пас аз салом ба курсии мулоими рў ба рўи он бонуҳо нишаста, бо онҳо салом додам. Онҳо низ бо чеҳраи кушод ба саломам љавоб доданд. Пас аз муддате суҳбати мо бо онҳо ба вуқўъ пайваст. Маълум шуд, ки онҳо аз Бадахшон, аниқтараш аз шаҳри Хоруғ барои истироҳат ба «Баҳористон» омадаанд.
     – Ман Бахтибегим Орифова, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ҳастам. Шаш рўз боз инљониб дар ин осоишгоҳ истироҳат дорам. Манзилу макони осоишгоҳ бароям хеле писанд омад. Шароиташ хеле хуб. Хеле миннатдорам. Шаш фарзандро ба воя расонидаам. Шукри даврони истиқлолият, шукри Пешвои миллат мекунем, ки барои мо чунин шароитҳоро муҳайё намудаанд. Шукр давлатамон тинљу осоишта, зиндагиамон рўз аз рўз хубтару беҳтар мешавад. Ба наздики Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ сафари корӣ доштанд. Ба камбудиҳои љойдоштаи корбарии роҳбарони вилоят баҳои сазовор доданд. Мана тағйиротҳои кадрӣ ҳам шуд. Акнун инҳо бояд худро нишон диҳанд, ки ба давлату халқ чи хел содиқона бояд хизмат кард. Яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ ва маводи мухаддир ба ғайр аз кулфату хатар дигар чиз надорад. Ин ҳама дар Бадахшон аз тарафи давлати ҳамсоя ворид мегардад, ки ба сари мардум кулфату ранљу хатарҳои зиёд меорад. Ман ҳамчун модар ин амалро сахт маҳкум менамоям. Имрўз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Бадахшон ба як гўшаи зебову нотакрор табдил меёбад. Дар Хоруғ корҳои ободониву созандагӣ дар ављ аст. Инро нодида гирифтани баъзе ашхос моро сахт ба ғазаб меорад. Ман модар ҳастам. Бояд ҳар як шаҳрванд аз ин давлату аз ин Сарвари давлат ифтихор кунад. Амну осоиштагиро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорад. Ин аст, таманно ман, як модари давроин соҳибистиқлолият, – гуфт дар суҳбат ин зани покизасиришти бадахшонӣ.
     Ҳини суҳбат бонуи дигар Сайлигул Ғарибмамадова, ки низ сокини маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аст, чанд ибрози андеша намуда, аз љумла зикр дошт, ки бори дуюм аст ба «Баҳористон» меояд ва ин рафту омадҳо ҳама аз вазъи орому осоиштаи кишвар буда, аз баланд рафтани сатҳи зиндагӣ мебошад. Мавсуф низ аз доштани силоҳи ғайриқонунӣ, аз саркашии баъзе аз љавонҳо хусусан яке аз сардорони гурўҳҳои муташаккили љиноятии шаҳри Хоруғ Толиб Айёмбеков ва чанде дигар аз чунин ашхос аз хизмати ҳарбӣ, ноором кардани вазъи љомеа, одобу ахлоқи ношоистаи онҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз таассуроти некаш аз сафарҳои Пешвои миллат ба Бадахшон ибрози андеша кард.
Дар ин асно ба толори истироҳатӣ бонуи сеюм даромада омад. Оина Зулфова, ки ҳамроҳи бонувони ҳамсуҳбатамон якљоя истироҳат мекард нав аз табобати навбатӣ баргашт, ба ҳамроҳонаш мурољиат намуд.
     – Акнун навбати Шумост.
     Аз суҳбати бонувони иродатманди бадахшонӣ, ки чанд муддат аснои интизории дўстам ба ман муяссар шуд, бисёр нуктаҳо бароям равшан гардид. Аз љумла, аз нигоҳдории яроқи оташфишон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ноором кардани вазъи љомеа аз тарафи гурўҳҳои муташаккили љинояткор, ки мақсади нопоку зишт нисбати сиёсати имрўзаи давлату ҳукумат доранд ва бо ин роҳи тахрибкорӣ мехоҳанд мардуми оддиро гумроҳ кунанд, сахт маҳкум намуданд. Мардуми сарбаланди бадахшонӣ дар даврони истиқлолият ба рушди воқеии тамоми љабҳаҳо ноил гардида, дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалаӣ Раҳмон машғули кору пайкори созанда ва зиндагии арзанда мебошанд. Чеҳраҳои гарму суҳбати ширини бонувон гувоҳи он буданд, ки ҳамчу модар онҳо шукронаи даврони соҳибихтиёрӣ мекунанд ва дар таҳкими сулҳу амният ва бунёдкориҳо љидду љадали собит доранд.
    Дар ин асно аз роҳрав дўстам оғуш кушода ба тараф омад. Мо ҳолу аҳвол пурсида, бо се бонуи хушбахти бадахшонӣ, ки дар як гўшаи биҳиштосои Тољикистони соҳибистиқлол бо хотири љамъу шукронаи давлату Сарвари хирадманд фароғат доранд, самимона худоҳофизӣ намудам.
     – Албатта, ба Бадахшон, ба Хоруғ биёед! – ҳини хайрухуш ҳар се баробар моро ба Бадахшон ба меҳмонӣ даъват намуданд.

     Илҳом Раҳим Мадализода, узви Иттифоқи журналистони Тољикистон